Сараввал дар ҳамоиши имрӯза Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим, кормандон соҳаи нақлиётро ба муносибати рӯзи роҳсозон табрику муборакбод намуда, қайд намуд, ки роҳсозони мамлакат дар татбиқи яке аз чор ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон –раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дар маҷмӯъ дар раванди ободонию бунёдкории Тоҷикистони муосир нақши арзишманд мегузоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Балҷувон – Сари Хосор» зикр намуданд, ки рушди шабакаи роҳҳои маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Зеро роҳҳо на танҳо воситаи муҳим барои алоқаи мардуманд, балки заминаи рушду шукуфоии деҳот, густариши робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ низ ба ҳисоб мераванд.
Дар қисмати охири ҷашни рӯзи роҳсозон ба кормандоне, ки саҳми арзандаи худро дар ин соҳа гузоштаанд аз тарафи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардиданд, аз он ҷумла Роҳбари филиали КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар минтақаи Кӯлоб, Шомадов Қурбомад Ёрмадович, роҳбари филиали вилояти Суғд, Давлатзода Ҷовид Давлат ва муовини роҳбари филиали минтақаи Рашт, Сироҷзода Далер Шуҷоат бо “Ифтихорнома”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.




