ДАР ОМӮЗИШИ КУРСИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ КОРМАНДОНИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ШУДАНД.
Дар толори маҷлисгоҳи КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” санаи 21 апрели соли ҷорӣ чорабинӣ бахшида ба ҷамъбасти курси забономӯзӣ аз њисоби забони англисӣ баргузор гардид, ки кормандони корхона соҳиби сертификат гардиданд.
Курси мазкур бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ин нуктаро қариб дар тамоми баромад ва суханрониҳои хеш таъкид намуда, ҳамеша ҷавононро ба забономӯзӣ ва касбомӯзиву њунаромўзӣ ташвиқу тарғиб менамоянд.
Ин аст, ки КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ин тавсияву таъкидҳои Сардори давлатро дар дастури кории худ қарор додаву барои ба забономӯзӣ фаро гирифтани кормандони корхона иқдом кардааст. Бояд гуфт, ки барои гузаронидани курси забономӯзӣ ба корхона мутахассиси соҳибтаҷриба ва донандаи забони хуби англисӣ. Худоиева Зуҳро ҷалб шуда буд.
Ёдовар мешавем, ки курси забони англисӣ дар КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” аз аввали моҳи декабри соли 2020 оғоз гардида, ҳафтае се маротиба гузаронида мешуд.




