Ҳар сол тибқи тақвим дар санаи муайяншуда иди кулли мусулмонони олам – Иди Қурбон таҷлил карда мешавад, ки анъанаҳои ба худ хос дорад. Дар соли 2026 ин санаи муборак ба рӯзи 27 май рост омадааст. Ба қавле “Расми хуби тоҷиконро гум макун…” ба эҳтироми ин рӯзи муқаддас мардуми тоҷик омодагӣ мебинанд. Онро тоҷикона ҷашн мегиранд.
Ба ҳамдигар идро табрик мегӯянду идӣ медиҳанд. Дар сатҳи зарурӣ пешвоз гирифтани ҳар ид аз тинҷу ором ва пойдории сулҳу салоҳи кишвар сахт вобастагӣ дорад. Шукри беҳад он Яздонро, ки бахту саодатро барои миллати тоҷик арзонӣ доштааст. Чун имрӯз фурсат даст додааст, ҷумла мардуми кишвар, дар симои онҳо тамоми мусулмонони рӯйи оламро бо омадани Иди бузурги Қурбон табрик менамоем. Саодати ҳамешагӣ насибатон бод!
Бо эҳтиром Роҳбарияти КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”
ИДИ АҶДОДӢ ФАРХУНДА БОШАД…




