Close

КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЕТ” НАСБУ ВАСЛИ ТАҶҲИЗОТИ МУОСИРИ БАРКАШӢ ДАР “НБ “ШАББОДА” ФИЛИАЛИ СУҒД.

Дар баъзе аз нуқтаҳои баркашии корхона то имрӯз аз таҷҳизотҳои баркашии статсионарӣ ва мобилӣ барои баркашии воситаҳои нақлиёти боркаш истифода бурда мешуд, ки ин аз экспертон ва шахсони мутасаддии корхона дар нуқтаҳои баркашӣ вақт ва масъулияти зиёдеро талаб мекард. Вақти баркашии воситаҳои нақлиёти боркаш бо тарозуҳои статсионарӣ ва мобилӣ аз 5 то 20 дақиқаро ташкил мекард. Ин ҳолат ба гирифтани маълумотҳо оид ба вазн ва андозаи воситаи нақлиёти боркаш монеъаҳо ба вуҷуд оварда, дар мавзеи ҷойгиршавии нуқтаҳои баркашӣ тамбашавиро ба миён меовард. Аз ҷумла дар нуқтаи баркашии “ШАББОДА” низ чунин ҳолатҳо ба қайд гирифта мешуд.

Аз ҷумла: 

Аксҳо аз ҳолати аввалаи хизматрасониҳо дар самти баркашии воситаҳои нақлиёт дар НБ “Шаббода:

Бо ин хотир, ва бо мақсади аз байн бурдани монеъаҳои болодарҷ, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳо дар самти сертификатсиякунонӣ, аз ҷумла баркашии воситаҳои нақлиёти боркаш, тибқи дастури директори КВД “МСКХСН” бо Фармоиши № 48 аз 28.08.2025, сохтмон ва насбу васли таҷҳизоти вазнченкунии муосири тамғаи DCS-30 дар НБ “ШАББОДА” 92 км РБ 04 Конибодом – Деҳмой, вилояти Суғд дар 03.09.2025с ба анҷом расид. Ҳамзамон санҷиши марҳилаи якум, бароҳандозии таҷҳизоти муосири вазнченкунӣ аз руи барнома ба анҷом расида, корҳои ободонӣ дар атрофи он дар ҳолати анҷомёбӣ қарор дорад. БАРТАРИИ ТАҶҲИЗОТИ МУОСИРИ БАРКАШӢ: – Ба талаботи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои оиди таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат мебошад, пурра ҷавобгуй мебошанд. – Вазни воситаи нақлиёти боркашро ҳангоми суръати ҳаракати паст ба қайд гирифта, ба барнома ворид менамояд. – Вақти баркашии воситаи нақлиётро аз 20 дақиқа то 30 сония кам мекунад. – Вазни воситаи нақлиётро аз руи тири меҳвар дар алоҳидагӣ, инчунин яклухт муайян карда, дар табло ва монитори барнома баръало дарҷ мешавад, ки ин барои ронанда хело қулай мебошад – Маълумотҳо дар барнома сабт гардида, дар бойгони нигоҳ дошта мешаванд, ки ин ҳолат ҳамаи баҳсҳоро метавонад аз байн барад.

Аз ҷумла: 

АКСҲО аз рафти хизматрасониҳои сохтмонӣ дар НБ “Шаббода”

Previous
Next

Аксҳо баъд аз роҳандозӣ ва баркашӣ дар тарозуи муосири баркашӣ дар НБ Шаббода

Роҳбарияти корхона дар ҳамкорӣ бо Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, инчунин дастуру супоришҳои Вазорати нақлиёт тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ зина ба зина иваз кардани таҷҳизоти баркашии муосирро дар НБ таъмир карда, сатҳу сифати хизматрасониро дар ин самт боло бурда, фаъолияти худро ба талаботи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонад.

scroll to top