Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади оммавӣ гардардонидани варзиш ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, инчунин дар доираи чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни сохторҳои зертобеи вазорат мусобиқаи футболи хурд миёни мардон барои дарёфти “Ҷоми Вазири нақлиёт” ташкил ва баргузор намуд. Дар ин чорабинии варзишӣ кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” сазовори ҷойи сеюм гашта, бо медал ва дипломи Вазири нақлиёт дар ҷаласаи тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар оянда низ дар тамоми чорабиниҳои оммавӣ бо иштироки фаъолонаи худ барои пешрафт ва рушди соҳаи варзиш саҳмгузор хоҳад буд.





