Close

ИСТИҚБОЛИ РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАОСНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ”

Ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Вобаста ба ин, санаи 15 ноябри соли ҷорӣ, дар КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бо иштироки роҳбарият, кормандон ва экспертони филиалҳои корхона чорабинии идона баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ, саравал суруди миллӣ шунида шуда, баъдан бо сухани муқаддамоти директори корхона Мумин Лашкар ҚIMG_2055-300x200 ИСТИҚБОЛИ РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАОСНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ”иёмуддин чорабиниро ифтитоҳ намуданд. Дар рафти суханронӣ директори корхона оид ба фаъолияти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва корнамоиву ҷонфидоии ин абармарди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон изҳори назар намуда, аз ҷумла қайд гардид ,ки “Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳким и сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарIMG_2036-300x200 ИСТИҚБОЛИ РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАОСНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ”ҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард. Барои иҷрои ин мақсадҳо ӯ тадбирҳое андешид, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд. Барои ҳамин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу истиқлолияти давлати миллии  мо меҳисобанд. Маҳз тавассути заҳматҳои ӯ тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд. Бо ташаббуси ӯ соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуда, Президенти кишвар ва вакилони Маҷлиси Олӣ бо риояи меъёрҳои байналхалқӣ интихоб шуданд. Ӯ аз рӯзи аввал ҳамчун сардори давлат қавл дод, ки гурезагонро ба Ватан баргардонида, ба ҷанг хотима медиҳад, халқу кишварро соҳибӣ карда, мIMG_2052-300x200 ИСТИҚБОЛИ РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАОСНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ”ардумро сарҷамъу муттаҳид ва мамлакатро обод мекунад. Президенти мо ба қавлаш вафо карда, фирориёнро ба Ватан баргардонид, бо кӯшишу заҳматҳо 27-уми июни соли 1997 Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонд ва ба ҷанг хотима гузошт. Бо кӯшиши пайвастаи ӯ халқи тоҷик сарҷамъу муттаҳид гашт, дар кишвар фазои сулҳу ваҳдат фароҳам оварда шуд, фарҳанги кӯҳан, номи нобиғаҳои миллат эҳё ва ҷашнвораҳои онҳо таҷлил шуд”.

Дар идома кормандони КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар мавзуъҳои гуногун IMG_2045-300x200 ИСТИҚБОЛИ РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАОСНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ”доир ба ин ҷашни таърихӣ баромад намуда, аз хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.

Дар хотимаи чорабинӣ директори корхона Мумин Лашкар Қиёмуддин иштирокчиёнро бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти корӣ ва амалисозии нақшаву барномаҳои кориашон комёбиҳо таманно намуданд.

scroll to top