Close

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТИ КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” ДАР СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ НИМСОЛАИ ЯКУМ

Previous
Next

Санаи 17 апрели соли 2025 фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар семоҳаи якуми соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» ҳамчун мақоми сертификатсионӣ дар соҳаи нақлиёт фаъолияти худро тибқи қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда, бо мақсади таъмини иҷрои вазифа ва нақшаҳои пешбинишуда, инчунин ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои назаррас дар давраи ҳисоботӣ ва иҷроиши бандҳои дахлдори қарорҳои ҳайати мушовараи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти соҳаи нақлиёт дар соли 2024 ва вазифаҳо барои семоҳаи якуми соли 2025”,  як қатор корҳоро ба итмом расонид.

Дар натиҷаи таҷдиду азнавсозии роҳи автомобилгарди Данғара-Бохтар бо Фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.02 соли 2025, №28 ҷиҳати пешгири аз вайроншавии бармаҳали роҳҳои автомобилгард ва танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёи гаронвазн дар км 45+600 қитъаи ҳамшафати роҳи автомобилгарди РБ10 Данғара-Леваканд-Бохтар, ичунин дар км 3+100 қитъаи ҳамшафати роҳи автомобилгарди аҳамияти ҷумҳурияви доштаи Чимтеппа-Ҳисор, мутобиқи Фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.02 соли 2025, №33 нуқтаҳои баркашӣ ташкил карда шуда барои пешбурди фаъолияти корӣ шароит муҳайё карда шуд. Аз ҷумла, камераҳои мушоҳидавӣ ва нуктаҳои равшаннамои насб гардидааст. Ҳамзамон, бо маќсади пешгирии фаъолияти воситаҳои нақлиёти гаронвазн, корхона ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бо васоити ахбори омма ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, тавассути барномаҳои шабакаҳои телевизионӣ рафти чорабиниҳои гузаронидашуда ва мушкилотҳои ҷойдошта намоиш дода шуданд.

Илова бар ин, дар хамбастагӣ бо кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла сементбарорӣ, конҳои ангишт, карерҳо ва анборҳои нигоҳдории молу маҳсулот дар хусуси риоя намудани меъёрҳои муқарраргардида корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, назорат дар ин самт пурзўр карда шуд.

scroll to top