ПЕШВОИ СУЛҲОФАР ВА ҶОНФИДОИ МИЛЛАТ
Бахшида ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Инак, соли чорум аст, ки мувофиқи моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» аз 14.05.16 дар саросари Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол санаи 16 ноябр ҳамчун Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохўриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона ҷашн гирифта мешавад.
Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол, дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идоракунии Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии Президентӣ табдил дода шуд.
Ҳамин тавр, таҷлили Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории навини мо нигаронида шуда, ҷашни қадрдонию сипос ба арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Яъне, Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандўст, ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз ҷашни милливу худшиносӣ, бозгашт ба асолати миллӣ ва баҳрабардорӣ аз мактаби давлатдории Пешвои миллат мебошад, зеро дар таърихи давлати соҳибистиқлоли мо мафҳуми “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо шахсияту хидматҳои бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам буда, пайванди ногусастанӣ дорад.
Боиси шарафмандӣ ва сарбаландии миллати тоҷик аст, ки 26 июли соли 2011 Кумитаи академикии Шўрои Аврупо оид ба равобити байналмилалӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои хизматҳои шоиста ва арзандааш дар таьмину таҳкими сулҳ, тамаддунсозию фарҳангпарварӣ, мусоидат ба Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи муҳити зист, рушди пояҳои иҷтимоӣ ва таъмини эҳтироми манзалати инсонӣ ба унвони олии фарҳангию сиёсӣ «Пешвои асри XXI» мушарраф гардонд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери Ливои Пешвои муаззами миллат, бо даст ёфтан ба ваҳдати комил ва сулҳи сартосарӣ, ба марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ ва рушду нумўи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ қадамҳои устувор ниҳода, ба як қатор дастовардҳои назаррас, монанди сохтмони неругоҳҳо, кушодани нақбу купрукҳо, бунёди роҳҳои аҳамияти дохилӣ, ҷумҳуриявию байналмилалидошта, муассисаҳои таълимии замонавӣ ва дигар иншоотҳои азим ноил гардид. Ҳамакнун, баъди баҳрабардории агрегатҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” ва афзудани иқтидори энергетикии кишвар, дар баробари се ҳадафи стратегии марҳилаи оғозии давлатдорӣ: баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми стратегии мамлакат қарор гирифта, ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ ва афзудани сатҳи некуаҳволии мардум, беҳтар сохтани шароити маишии сокинон тадбирҳои судманд амалӣ мешаванд. Бо мақсади таҷлили шоистаи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар саросари кишвар корҳои ободониву сохтмони иншоотҳои таъйиноти гуногун, аз ҷумла инфрасохтори сайёҳӣ ва ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ бомаром ва якдилонаву дастаҷамъона ҷараён дошта, кабўтари сулҳу осоиштагӣ ва саодату хушбахтӣ дар осмони беғубори ватани маҳбубамон болафшонӣ мекунад.
Маълум аст, ки сарнавишти ҳар қавму миллати соҳибтамаддун ба азму иродаи матин, қалби бузургу пурмеҳр, ҳиммату ҷавонмардӣ, ҳисси ватандўстиву ваҳдатгароӣ, мардумсолориву фарҳанпарварӣ, бедориву солимандешӣ, дарки дурусти воқеият, маҳорати таҳлили ҳаводиси рўзгор, роҳандозии барномаҳои созанда ва нигоҳи неки фарзонафарзандонаш ба фардоҳои дурахшон пайванди ногусастанӣ дорад, ки таҷрибаи солҳои навадуми асри гузаштаи халқи тоҷик мисоли равшани ин гуфтаҳост. Маҳз таҷаллии ҳамин хусусиятҳои ҷавонмардонаи фарзанди фарзонаи миллат, абармарди давру замон, родмарди арсаи сиёсат, меросбари фарҳанги пурифтихору деринбунёди давлатдории ориёнӣ, “Пешвои асри XXI”, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон аз вартаи нестшавӣ эмин монд ва мардуми хонабардўшу бесарпаноҳмондаи аз даҳшати ҷанги бародаркуш хаставу афгор дубора бо умеду ормонҳои аз нав зиндашуда ба хоки муқаддаси Ватан баргаштаву паҳлуи ҳам аз сари ваҳдату ягдилӣ дар ҷабҳаҳои созандагӣ ба кору пайкор пардохтанд.
“Ман ба шумо сулҳ меорам! Оташи ҷангро хомўш месозам! То он даме ки як нафар гурезаи маҷбурӣ дур аз Ватан бошад, худро ором намеҳисобам” – ин суханони саршор аз ҳисси масъулияту ватандўстӣ аз умқи қалби бузургу пурмеҳр, орӣ аз кинаву қасос, гузашткунанда, парварандаи ғояҳои сулҳу ваҳдати Пешвои муаззами миллат бархоста, дар зеҳни дар танўри таҷрибаи рўзгор пухтаву сайқалёфтааш шакл гирифта ва аз забони ҷавонмардонааш чун қавлу қасам возеҳу гўшрас ва тантанавор хориҷ шуда, ба гўши ҷони халқи Тоҷикистон, ки интизори Пешвои додрасу дардошно буданд, пайғоми сулҳу ваҳдат, якпорчагии давлат, эҳёи миллат, рушди соҳаҳои мамлакатро расонд, ба дилҳои аз ваҳшати ҷанги бародаркуш афгору рўҳҳои аз даҳшати харобкориҳо хаста нуру тавон ва шуълаи умед ба фардои дурахшон бахшид.
Масири таърихии давлатдории навини мо собит намуд, ки қавлу қасами Президенти интихобнамудаи миллат ваъдаи фазлфурўшона набуда, Пешвои миллат ба ваъдаи худ вафо кард, ташаббусҳои созандаву саривақтӣ, ҳиммати хусравонӣ, ақли гиро, маҳорати фавқулодаи таҳлили ҳаводис ва дурандешии ин абармарди дунёи сиёсат миллату давлатро аз ҷафои эҳтимолии таърих эмин нигоҳ дошта, ба шукуфоиву боландагӣ, ободиву осоиштагӣ, ба оғўши гулистонҳову мавзеъҳои нотакрори сайёҳӣ оварда расонд ва ба чаҳорсўи олам масири ҳамкориву пешрафт боз намуд. Агар дар он рўзҳои пурмоҷарову зулму истибдод мардуми азиятдида “Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?”-гўён ҳасрат мехўрданд, пас, имрўз чеҳраи ҳар як шаҳрванди кишвар пур аз хандаву табассум аст, имрўзҳо сокинони пойтахт ва ҳам шаҳру ноҳияҳои дурдаст ҳатто шабонгаҳ ба боғҳои фарҳангӣ-фароғатии хуштарҳу гулрез ба сайругашт баромада, бо чеҳраҳои хандон ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиштагии кишвар аксҳои хотиравӣ мегиранд ва бо эътимоду боварӣ ба фардои дурахшон менигаранд.
Ин аст самараи қавлу қасами Пешвои мо!
Ин аст натиҷаи сулҳу ваҳдату фаъолияти якдилонаи мо!
Ва бузургдошти Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пос доштани хидматҳои таърихии ин абармарди дунёи сиёсат ва фарзанди шоистаи давру замон, пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаву хирадмандона ва фарҳангсолоронаву инсонгароёнаи ин Пешвои асри XXI кафолати пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати сартосарӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва ояндаи боз ҳам дурахшони мост.
Мутахассиси пешбари ШКК Сониев М.Н.




