Close

ТАБРИКНОМАИ ДИРЕКТОРИ КВД «МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ» МУМИНОВ ЛАШКАР ҚИЁМУДДИНОВИЧ БАХШИДА БА РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТАБРИКНОМАИ ДИРЕКТОРИ КВД «МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ» МУМИНОВ ЛАШКАР ҚИЁМУДДИНОВИЧ БАХШИДА БА РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

         Ҳамкасбони азиз ва ҳамкорони муҳтарам,

       image_1 ТАБРИКНОМАИ ДИРЕКТОРИ КВД «МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ» МУМИНОВ ЛАШКАР ҚИЁМУДДИНОВИЧ БАХШИДА БА РЎЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  Мехоҳам ҳамаи Шумо ва кулли мардуми кишвари азизамро ба Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамоям.

         Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян карда шудааст, ки ҷанбаи таърихи дошта, омўзиши кору пайкори абармади замон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар рўшан месозад. Халқу ватани азизамон инак, дар фарорасии панҷсолагии ин ҷашн қарор дорад ва онро ҳар сол бо шукўҳу шаҳомати хос таҷлил менамояд. Ҳар қадар ки шумораи ин санаи муҳимми таърихӣ афзун гардад, ҳамон қадар мазмуну моҳияташ амиқтар эҳсос мешавад.

Дар остонаи ин ҷашни мубораку фархунда, ҳар як шаҳрванди сарзамини офтобӣ дастовардҳои халқу ватанро пеши назар овардан мехоҳад. Бо ин мақсад, саҳифаҳои китоби корнамоии ин марди сарсупурдаи миллат, ҳабиби ватан, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро варақ мезанад.

         Бояд гуфт, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» (14 ноябри соли 2016,№ 1356) дар раванди дигаргуниҳои нави ҷомеа дар Тоҷикистон марҳилаи нав ба миён овард. Ҳамзамон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат эътироф шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ ин нишонаи муттаҳидӣ ва якпорчагии миллат мебошад. Президенти кишвар дар заминаи талошҳо баҳри таъмини оромии кишвар, пойдории сулҳу субот, таҳкими амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳим, пешбурди сиёсати хориҷӣ тавонист ба эътирофи бузурги умумимиллӣ мушарраф гардад.

         Сиёсати миллии ҳар як кишвари соҳибистиқлол хусусияти хоси худро дошта, мазмуни асосии он дар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию сиёсӣ ва рамзу анъанаҳои миллӣ таҷассум меёбад. Ҳамаи ин заминаи муҳим барои дарки худшиносӣ ва комёб гардидан ба пешрафту дастовардҳои кишвар мебошад. Аз ин рў,«Рўзи Президент», ки 16 ноябр дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад, иқдоми некест, барои арҷгузорӣ ва ифтихор доштан аз Тоҷикистони азиз, Истиқлолияти пойдор ва қадршиносӣ аз заҳматҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

         Аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурўъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Маҳз ҳамчун рӯзи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намудааст.

         Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обрӯву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмуъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16 ноябр Рўзи Президент пазируфта шудааст.

         Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳалаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.

         Баробари Истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги бемантиқ хотима дод. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат ва Пешвои миллатамон дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор шуда, сулҳ ва ваҳдати комили миллӣ пойдор, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ таъмин, худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси ватандӯстии тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд. Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.

         Мо эътимоди комил дорем, ки кормандони соҳаи нақлиёт, ҷавонони бо ору номуси кишвар бо Ватани соҳибистиқлол, бо Сарвари маҳбуб ва Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор карда, бо меҳнати ҳалол, интизоми намунавӣ дар рушду нумуъ ва шукуфоии Ватани азиз саҳм хоҳанд гузошт.

         Бори дигар Шумо ҳамкорони азиз, кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан ватандўстону меҳнатдўстони кишвари маҳбубамонро бо рӯзи Президент самимона муборакбод гуфта, пешрафтҳои пай дар пайро дар зиндагӣ ва кору пайкоратон орзумандам.

scroll to top