Close

БА ЗЕРИ ПАРЧАМИ ТУ САФ КАШИДАЕМ…

Аҳли кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ, бо арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, бо ифтихор доштан аз миллати тоҷик будан, бо сарфарозӣ аз фазои осоиштаи кишвар ва бо шукргузорӣ аз амнияту оромиши кишвар “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” – ро дар фазои идона таҷлил намуданд. Чеҳраҳои пур аз шодӣ, қалбҳои пур аз меҳр, чашмони пур аз шарар аз як тоҷики хушбахт будан дарак медиҳанд…

Тамоми Тоҷикистон имрӯз ид дорад. Иди муқаддас, иди миллӣ, иди Парчам. Парчаме, ки парфишониаш аз баландатарин поя дар ҷаҳон аз қалби Тоҷикистон ба халқи ҷаҳон намуддор аст. Ин парафшонӣ бигзор то ҳазорсолаҳои дигар бошад. Амвоҷи ин матои муқаддас, ки нишони соҳибистиқлолӣ аст, ҳамеша сӯйи ояндаи неки миллат бошад.

Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” якояки мардуми тоҷикро бо ҷашни бузурги миллат – “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” табрик менамояд ва орзуи онро дорад, ки парфашонии Парчами мо мудом аз ҷашну сур ва хушбахтиҳо башорат бидиҳад.

КВД “МСКХСН”

1042472528_0_211_2049_1363_1920x0_80_0_0_a34fac2a80dc40dcc11f3023ef400cde-300x169 БА ЗЕРИ ПАРЧАМИ ТУ САФ КАШИДАЕМ... IMG_3439-11-300x265 БА ЗЕРИ ПАРЧАМИ ТУ САФ КАШИДАЕМ...  IMG_3992-254x300 БА ЗЕРИ ПАРЧАМИ ТУ САФ КАШИДАЕМ...      IMG_3985-300x291 БА ЗЕРИ ПАРЧАМИ ТУ САФ КАШИДАЕМ...

IMG_40111-300x200 БА ЗЕРИ ПАРЧАМИ ТУ САФ КАШИДАЕМ...    IMG_3982-300x187 БА ЗЕРИ ПАРЧАМИ ТУ САФ КАШИДАЕМ...

 

scroll to top