Close

ТАВЗЕҲОТ аз тарафи шуъбаи иттилоотӣ ва рақамикунонӣ, оиди фаъолият дар нуқтаҳои баркашии филиалҳои КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”

Тибқи фармоиши директори корхона №13 аз 14 апрели соли 2025,  сармутахассиси шуъбаи иттилоотӣ ва рақамикунонӣ Ситамов Рустам, ҷиҳати азназаргузаронии таҷҳизотҳои муосир, дар нуқтаҳои баркашии филиалҳои минтақавии КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ва омӯзиши кормандон дар сафари хизматӣ қарор дошт.

Ҳангоми сафар

  1. Филиали минтақаи Кулоб, шаҳри Кулоб: – НБ «Тебалай»

«Таҷҳизоти баркашии динамикӣ тамғаи ZQS-40-SY»

Фаъолияти кормандон дар нуқтаи болодарҷ азназаргузаронида шуда, тарзи истифодаи дурусти таҷҳизоти баркашӣ, инчунин риояи либоси расми дар ин нуқта дида баромада шуд.

Ҳамзамон, кори камераҳои назоратӣ дар ин нуқтаҳо санҷида баромада шуда, камбудиҳои ошкоргардида сари вақт аз тарафи мутассадиён бартараф карда шуд.

  1. Филиали минтақаи Кулоб: – НБ «Гулистон»

«Тарозуи мобилӣ тамғаи LP-7660W-Y-5090-20»

Ҳолати кори тарозуҳои мобилӣ азназаргузаронида шуда, камбудиҳои ҷузъии қайдшуда муайян ва бартараф карда шуд.

Машғулиятҳои омӯзиши оид ба истифодаи дурусти тарозуҳо, ва маслиҳатҳо оид ба тарзи дурусти вазнсанҷии мошинҳои боркаш гузаронида шуд.

Камбудиҳои техникӣ муаян гардида, барои ислоҳи онҳо ҳуҷҷатгузорӣ карда шуданд.

.
Previous
Next
scroll to top