Close

Дар Корхона воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунои кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” мусобиқаи «Футболи хурд» ташкил карда шуд.

Ёдовар мегардад, ки аз 1 – уми сентябри соли 2025 байни дастаҳои кормандони филиалҳо ва дастгоҳи марказии КВД “Маркази сертификатсиякунои кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” мусобиқаи «Футболи хурд» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур 8 даста аз ҳисоби воҳидҳои сохторӣ қувваозмоӣ намуда истодаанд.

Мақсад аз гузаронидани ин гуна чорабиниҳо баҳри солимӣ, тандурустӣ, муттаҳид ва мустаҳкам намудани риштаи дӯстии онҳо, инчунин баланд бардоштани малакаи варзишии футболбозон мусоидат менамояд.

Previous
Next
scroll to top