Тайи се моҳи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон боз 6047 адад мошини барқӣ ворид карда, шумораи ин навъи воситаҳои нақлиёт (электромобилҳо, автобусҳо ва микроавтобусҳо, воситаҳои нақлиёти барқии боркаш в воситаҳои махсуси борбардорӣ) ба 27580 адад расидааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 9885 адад зиёд аст.
Тоҷикистон хариди мошинҳои барқиро афзоиш додааст. Ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки ҳиссаи мошинҳои барқиро дар қаламрави ҷумҳурӣ дар шумораи умумии мошинҳо то 20-30% зиёд кунад.
Воридоти мошинҳои барқӣ дар доираи «Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» амалӣ карда мешавад, ки лоиҳаи он аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 таҳия гардида, бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 31 октябри соли 2022 таҳти рақами 532 қабул шудааст.




