Close

ТАЪМИН НАМУДАНИ НУҚТАҲОИ БАРКАШӢ БО ТАҶҲИЗОТҲОИ КОМПЮТЕРӢ

         Мутобиқи супориши Протоколӣ аз 05.05.2025 таҳти №5 назди Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва директори корхона оиди бо компютерҳои нав ва принтерҳо таъмин намудани ҳамаи нуқтаҳои баркашӣ аз тарафи кормандони шуъбаи иттилоотӣ ва рақамикунонӣ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла дар нуқтаҳои баркашии филиалҳои зертобеи корхона дар ш. Душанбе, НТҶ Рашт, НТҶ Ҳисор, минтақаи Кӯлоб, минтақаи Бохтар ва вилояти Суғд компютер, принтер ва камераҳои назоратӣ пурра таъмин гардида, ба истифода дода шуд.

         Ҳамзамон, роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки таъмини нуқтаҳои баркашии филиали корхонаро дар ВМКБ дар моҳи июл ба роҳ монад.

         Аксҳо аз рафти иҷроиши корҳо:

Previous
Next
scroll to top