Close

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКНУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” МУҲТАРАМ САИДЗОДА САЙФИДДИН САИДҶАФАР БАХШИДА БА ИДИ РАМАЗОН

Ҳамватанони азиз !

Бо фарорасии Иди Рамазон тамоми ҳамватанон ва ҳамкасбони азизамонро табрику таҳният намуда, барои ҳар яки Шумо хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рӯзгорро орзу менамоям. Бигзор, сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рӯзгор дар Ватани маҳбубамон ҳамеша ҳукмфармо бошад. Ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол ва таҷлил менамоем.

Дар ҳақиқат, моҳи шарифи Рамазон моҳи ихлосу сипос, меҳру муҳаббат, моҳи худшиносиву худошиносӣ буда, инсонро ба росткорию ростгӯӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, сабру қаноат, иттифоқию муттаҳидӣ ва ваҳдат даъват менамояд. Итминони комил дорем, ки ҳар як фарди бонангу номус минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти Ватани азизамон, ҳаёти осоиштаи мардум, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва расидан ба дастовардҳои нав дар роҳи таъмини рушди устувори Ватани азизу маҳбубамон саъю талош хоҳад кард.

Бори дигар фарорасии иди саиди Фитрро ба Шумо табрик намуда, ба ҳар як хонадони кишвар сулҳу оромӣ, саломатӣ, саодати зиндагӣ, файзу баракати фаровон ва барои кишвари маҳбубамон оромиву суботи ҷовидонӣ орзу менамоем.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!

 

scroll to top