Close

КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ ОЛИИ ҲУҚУҚӢ

Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегирад барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат мебошад. Аз ин рӯ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале ҳаст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016  бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати онҳо мусоидат мекунад. Конститутсияи кишвари мо дастоварди бузурги миллӣ ба ҳисоб меравад, чунки он дар давраҳои бениҳоят душвору баҳснок ва аз ҷониби тамоми мардуми Тоҷикистон баррасӣ гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қабули ин ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсозро яке аз дастовардҳои бузурги Истиқлолияти миллӣ арзёбӣ карда, ба он ҳамчун танзимкунандаи тамоми масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ баҳои баланд додаанд. Қабули Конститутсия дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рўйдодҳои муҳимтарини сиёсие мебошад, ки арзиш ва аҳамияти он бо гузашти замон бештармегардад. Қобили қайд аст, ки дар мудати 29 – сол ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ,  ташкилоту  муассисаҳои ҷаҳонӣ ба роҳ монда шудааст, ки  самараи  ҳамкориҳо хеле  назаррас  ва густурда мебошанд.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки дастовардҳои бузургтарини кишвари      азизамон пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама, барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори  миллӣ, таъмини рушди устувори молиявию иқтисодӣ, таҳкими бехатарии ҷомеа, болоравии ҳисси ватандўстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки ин ҳама маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти  кишварамон  Ҷаноби  Олӣ  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмату кўшишҳои мардуми соҳибмаърифату фарҳангдўсти тоҷик муяссар гардидааст.

Бо як Ҷаҳон таманниёти бепоён ин ҷашни фархунда, яъне 29 – умин  солгарди Рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба   кулли ҳамкорон ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, саодату хушбахтиҳои рӯзгорро таманно намуда, дар фатҳи қуллаҳои навин, дастоварду пирӯзиҳои Ватани маҳбубамон комёбиҳои нав ба навро орзумандам.

Зикрулло Ғайбуллоев

Сардори Шуъбаи ҳуқуқ ва ҳифзи меҳнати КВД “МСКХСН”

konstitutsiya-e1699006424132-300x284 КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ ОЛИИ ҲУҚУҚӢ

scroll to top