Close

Омузиши таҷрибаи пешқадам дар Чумҳурии мардумии Чин ва ивази таҷҳизоти вазнченкунии воситаи нақлиёти боркаш бо тарозуҳои муосири рақами дар Тоҷикистон

Тибқи фармоиши директори корхона №17 аз 18.04.2025 сол мутахассисони шуъбаи иттилоотӣ ва рақамикунонии корхона ба мақсади омӯзиши тарозуҳои муосир, инчунин шиносоӣ бо таҷрибаи пешқадам аз санаи 25.04.2025 то 04.05.2025 сол дар Ҷумхурии мардумии Чин сафари хизматӣ доштаанд.

​Ҳангоми сафар дар корхонаи Shanxi Wanli Science and Technology co., ltd. ки ба истеҳсоли таҷҳизотҳои муосири вазнченкунӣ машғуланд, шиносоӣ пайдо карда, масъалаҳои зеринро омухта баромаданд.

* Принсипҳои тарҳрезӣ ва кори тарозуҳои мобилӣ (плитаҳои вазн, сенсорҳо, пайвастшавӣ);
* Тарзи корӣ тарозуи динамикӣ (системаҳои дарунсохташудаи роҳ ва моделҳои сайёр);
* Таъмини барқ бо истифода аз (манбаъҳои мустақил, батареяҳо, ва панелҳои офтобӣ);
* Тарзи калибрченкунӣ, ва таъмири таҷҳизоти муосир-ро аз худ намудем;
* Сертификатсиякунонӣ ва хизматрасониҳои ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгуй будаанд;
* Омузиши таҷрибаи пешқадам дар самти вазнченкунӣ ва меъердарории воситаҳои нақлиёти боркаш.

Инчунин;

* Афзалияти тарозуҳои мобилии тамғаи LP-7660W-Y-5090-20 ва динамикӣ тамғаи DCS-30 омухта шудаанд, тарзӣ насбу васли онҳоро аз худ намуданд.
* Баркашии воситаи нақлиёт дар таҷҳизоти баркашии муосир ҳангоми ҳаракати нақлиёти боркаш шиносоӣ ба меъерҳо ва стандартҳои байналмилалӣ пайдо карда,тарзи кори онҳоро пурра аз худ намуданд.
Хулоса;

✓ Барои таъмини пурраи назорат ва танзими ҳаракати воситаи нақлиёти гаронвазн дар роҳҳои автомобилгард, дастрас ва насбу васли таҷҳизоти вазнченкунии муосир-ро дар нуқтаҳои баркашии корхона ба мақсад мувофиқ мешуморем;
✓ Пайсвасти тарозуҳои динамикӣ-ро ба маҳзани ягонаи электронии назоратӣ ворид намоем;
✓ Ҳамгироӣ системаи тарозуи динамикӣ бо КВД “Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт”, инчунин интиқол додани маълумотҳо оиди нақлиётҳои боркаш тариқи системаи автоматикунонӣ.

Previous
Next
scroll to top