Дар соли 2025 як қатор тағйирот дар соҳаи роҳу нақлиёти кишварҳои ИДМ ва Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ шудаанд. Дар бораи баъзе аз ин тағйирот, ки ба ҳамлу нақли байналмилалӣ рабт доранд, мо дар зер ронандагон ва ширкатҳои нақлиётии Тоҷикистонро огоҳ мекунем.
ДАР ИДМ
Соли 2025 дар маҷмааи роҳи оҳани ИДМ системаи Express International ба кор медарояд.
Дар ҷаласаи 81-уми Шӯрои нақлиёти роҳи оҳани давлатҳои иштирокчии Иттиҳод, ки аввали моҳи ноябри соли 2024 дар Тошканд баргузор гардид, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фазои ягонаи иттилоотии ҳамлу нақли байналмилалии мусофиркашонии роҳи оҳан ба имзо расид. Ба он маъмурияти роҳи оҳани Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва инчунин Гурҷистон ҳамроҳ шуданд.
Рушди фазои ягонаи иттилоотии мусофиркашонӣ ба алоқаи нақлиётии кишварҳои Иттиҳод, рушди иқтисодӣ ва ҷалби сайёҳон таъсири мусбат мерасонад. Дар амал, ин самти алоҳидаро барои рушди равандҳои технологӣ дар бахши мусофирбарӣ барои ҳар як маъмурияти роҳи оҳан муайян мекунад.