Close

Форуми байналмилалии “Digital Tajikistan–2025” дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад

Бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 13 октябри соли 2025 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, дар доираи форуми “Dushanbe Invest–2025”, Форуми байналмилалии “Digital Tajikistan–2025” баргузор мегардад.

Ҳадафи асосии форум — рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби технологияҳои муосир ва тақвияти ҳамкориҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ дар самти рақамикунонии хизматрасониҳо ва идоракунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, ширкатҳои хусусӣ ва коршиносони соҳа ширкат хоҳанд варзид. Форум минбари муҳими муаррифии дастовардҳо ва баррасии роҳҳои нави рушди рақамикунонии иқтисоди кишвар мебошад.

Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» бо ифтихор огоҳ менамояд, ки иттилооти расмӣ дар бораи баргузории ин форум дар сомонаи корхона нашр карда шудааст, бо мақсади дастрасии бештари шаҳрвандон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳонӣ дар бораи аҳамияти ин рӯйдоди муҳим.

scroll to top