Close

БА ДИҚҚАТИ РОНАНДАГОН! Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва тавсияҳои дахлдорро нодида нагиред

Previous
Next

Дар давраи бориши барф дар роҳҳои кӯҳӣ, хусусан дар ағбаҳо бояд хеле эҳтиёткор буд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва тавсияҳои дахлдорро оид ба рафтори иштирокчиёни ҳаракат дар шароити зимистон қатъиян бояд риоя кард. Мутаассифона, ронандагон на ҳамеша инро ба назари эътибор мегиранд.

Рӯзи шанбе, 4 январ дар роҳи автомобилгарди «Душанбе –Кӯлоб», дар мавзеи Ёқсуи деҳоти Себистони ноҳияи Данғара бо айби ронандагоне, ки чархҳои тобистонаро сари вақт ба чархҳои зимистона иваз накардаанд, тамбашавии воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд омад ва боиси ҳолатҳои садамавӣ гардид. Дар байни мошинҳои дармонда автобус низ буд (Мошинҳое, ки шумо дар аксҳо мебинед, танҳо як қисми ками коллексияи умумӣ мебошанд).

Ҳангоми бориши барф ҳатто ҳангоми ҳаракат дар қитъаҳои мунтазам тозашавандаи роҳҳо метавон бо барфтӯда дучор омад. Вале дар аксар ҳолатҳо  тамбашави воситаҳои нақлиёт ва садамаҳои роҳ, аз ҷумла дар фасли зимистон, маҳз  бо айби соҳибони воситаҳои нақлиёт – суръати баланди ҳаракат, риоя накардани фосилаи байни мошинҳо, тормози сахт, гузаштан аз мошинҳои дигар дар ҷойҳои манъшуда ва истифодаи чархҳои тобистона ба вуҷуд меоянд.

scroll to top