
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки дар миёни ҷашнҳои давлативу миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақому манзалати хосса дорад, самимона табрик мегӯям.
Масъалаи таваҷҷуҳу ғамхории пайваста нисбат ба забони давлатӣ, таҳкими мақоми он ва густариш бахшидан ба доираи истифодаи забони ширину шоиронаи тоҷикӣ дар сиёсати давлати мо аз оғози соҳибистиқлолӣ то имрӯз яке аз масъалаҳои афзалиятнок ва аввалиндараҷа мебошад.
Яъне имрӯз забони давлатӣ, ки дар умқи таърих реша дорад, зери ҳимояи бевоситаи давлат қарор дошта, барои рушду пешрафт ва истифодаи он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ҳамаи шароиту имкониятҳо муҳайё мебошанд.
Дар ин замина, бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат давра ба давра ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030» қабул ва амалӣ шуда истодаанд, ки ба татбиқи саривақтии муқаррароти қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона гардидаанд.
Вале ин нуктаро низ ёдовар бояд шуд, ки забони давлатӣ ба ғамхориву пуштибонии доимӣ на танҳо аз ҷониби давлату Ҳукумат, балки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва кулли сокинони мамлакат ниёз дорад, зеро рушди пайваста ва ҳамаҷонибаи он рамзи устувориву пойдории давлат ва истиқлоли сиёсии мо дар замони пурошӯби имрӯза мебошад.
Миллати шарафманду бостонии тоҷик илму фарҳанг, таъриху адабиёт ва ҳаёти маънавии худ, яъне расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои рангоранги хешро бо ҳамин забони пурғановат офарида, аз насл ба насл ба мерос гузоштааст.
Мо, хушбахтона, забони адабии ширину шевое дорем, ки аз рӯзгори Сомониён то ба имрӯз асолати худро нигоҳ доштааст.
Ба ибораи дигар, осори дар замони давлатдории ин сулолаи миллӣ эҷодшударо хонандаи имрӯза баъди беш аз ҳазор сол ба осонӣ мефаҳмад.
Дар посдории забони миллӣ ва пойдориву бақои он адибони асрҳои миёна – фарзандони фарзонаи миллати тоҷик – саҳми бузурги таърихӣ гузоштаанд.



