Close

ЯК РАСМИ НАВРӮЗӢ

ЯК РАСМИ НАВРӮЗӢ

Кишвари мо – Тоҷикистон сарзамини хуршедӣ ва як гӯшаи биҳишти рӯи замин аст, ки бо қадами мубораки Наврӯз табиат ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро ҳадя меорад.

Эмомалӣ Раҳмон

изображение_viber_2021-03-17_13-47-10-300x200 ЯК РАСМИ НАВРӮЗӢ

Наврӯзро метавон пайвандгари наслҳои инсонӣ ва аслҳои фарҳангии Аҷам унвон кард. Ин ҷашни бостонӣ хешу табор, авлодро бо аҷдод, наслҳоро ба аслҳо, гузаштаро бо ҳозира, ҳозираро бо оянда ва ниҳоят силсилаи робитаҳо ва нисбатҳо Ҷаҳони Кеҳин (Инсон) – ро бо ҷаҳони Меҳин (Кайҳон) мепайвандад. Наврӯз қадимтарин дар ҷаҳон ҷашни соли нав аст. Абурайҳони Берунӣ ва Умари Хайём барои маънидод кардани пайдоиши Наврӯз ба забони устура ва ривояти динӣ такя карда, таърихи онро аз аҳди Каюмарс , яъне аз оѓози офариниши Одам сар кардаанд. Маълум аст, ки дар бораи таърих ва хусусиятҳои ин ҷашни бостонӣ ҳар чанде ки наврӯзшиносон бисёр навиштаанд, вале домани ин оин он чуноне васеъ аст, ки ҷустуҷӯиҳои навбанавро тақозо менамояд. Агар онро аз сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон ҷӯё шавем, маълум мешавад, ки он дар ҳар як минтақа анъанаю сифатҳои махсусе дорад. Бо вуҷуди ин ҳама, хусусиятҳои умумии онро дар ҳама мавзеҳо мушоҳида мекунем. Яке аз чунин анъанаҳо, муносибати инсон ҳангоми Наврӯз ба об аст. Обро покиза нигоҳ доштан, ба он муҳаббат пайдо карданро ба мо фариштаи об бо паёмҳояш мефиристад. Об на фақат барои тозагӣ, барои истеъмол ва кулли амалҳои инсон зарур мебошад, балки дар Наврӯз ин муносибат муносибати наверо тақозо менамояд. Анъанаҳое ҳастанд, ки маҳз муносибати инсонро вобаста ба орзую ҳавасҳояш дар айёми Наврӯз мефаҳмонанд. Яке аз онҳо хоби худро ба об гуфтан, об пошидан ба ҳамдигар, сабзаҳои наврустаро гиреҳ баста, ба об андохтан аст. Ба он маъни, ки гиреҳи мушкилоти инсон кушода шавад ва ҷавонон ба орзую ҳавасҳои худ расанд, яъне духтарони қадрас ба шавҳар расанд, навҷавонҳо барои худ арӯси дилхоҳашонро ёбанд.

Дар анъанаҳои наврӯзӣ, наврӯзшиносон бо номи “Обрезон” маросимеро қайд менамоянд, ки дар минтақаҳои гуногуни кишварамон бо расму русумҳои хоси худ, ҷашн гирифта мешаванд.

Аз давраҳои хеле қадим дар байни мардумони ориёӣ ойине маъмул буд, ки пеш аз фарорасии соли нав – Наврӯз мардум шустушӯй намуда, худро поку озода мекарданд.

Тибқи навиштаи фолклоршиноси маъруфи тоҷик Рӯзӣ Аҳмад, сардори оила субҳ пеш аз баромадани офтоб ба даст кӯза, ё ягон зарфи обро гирифта, ба лаби чашма ё рӯди об мерафт. Баъди шустушӯй зарфро пури об карда, сипас аз болои об се маротиба ҷаҳида: «ҳарчӣ дарду бало дорам, об бибар», – мегуфт. Оби тозаро оварда ба остонаи дарвозаи дари хонаи худ мерехтанд ва баъзе амалҳои рамзомезро иҷро мекарданд.

Тоҷикони Самарқанди бостонӣ дар арафи Наврӯз ба рӯди Обираҳмат рафта, занҳо дар рӯзҳои муайян дар ҷойи аз назар пинҳони рӯд ва мардҳо дар ҷойҳои дигари сайргоҳ ин суннати аҷдодиро ба ҷо меоварданд.

Дар деҳоти Рӯшони Бадахшон пеш аз тоза кардани хона ва пухтани хӯрокҳои идона соҳибхоназан ё мард саҳарии барвақт ба чашма барои об мераванд. Ҳамон касе, ки барои об овардан меравад, бояд аз хона то сари чашма ё рӯд ва аз он ҷо то хона ба касе сухан нагӯяд. Ӯ ҳангоми обгирӣ ба даруни сатил чанд сангча меандозад, ки ин сангчаҳо рамзи бобаракат шуданро ифода мекунанд. Обро ба хона оварда, як қисмашро ба хамир меандозанд ва як қисми дигарашро барои пухтани боҷ – навъи хӯроке, ки аз каллаву почаи гӯсфанд бо гандуми нимкӯфта ва боқило пухта мешавад, истифода мебаранд ва аз бозмондааш ҳамаи аҳли хонавода кам-кам менӯшанд, ки он шугуни нек ҳисоб мешавад.

Ойинҳои мазкур ба он далолат мекунанд, ки об дар маҷмӯи ҷашни Наврӯзи мардуми тоҷику эронӣ аз даврони бостон ба ѓайр аз корбурди маишӣ, инчунин, мазмунҳои асотирию рамзӣ доштааст. Обро мардум дар қатори оташу бод ва хок ҳамчун як унсури муқаддаси табиат, дорои неруи поккунандаи айбу гуноҳон, нопокиҳо ва зиштиҳо медонистанд. Об рамзи ҳаёти поку беолоиш ва оромиву сулҳу суббот низ мебошад. 

Холиқзода Довудшоҳи Ҳаким мутахассиси шуъбаи иқтисод ва ба нақшагирӣ
scroll to top