Close

9-уми декабр Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия

Мусаллам аст, ки аз ибтидои таъсисёбӣ ба ҳар як давлат хатари забт шудан аз ҷониби дигар давлатҳои пурқувват ва парокандагӣ таҳдид мекунад. Аммо, таърих гувоҳи он аст, ки аксари давлатҳо аз ҷониби душмани дохилӣ хароб гардида, аз байн рафтаанд. То замоне инсоният арзи ҳастӣ дорад, хатарҳои дохилию беруна ҳамрадифи тамаддун ва фарҳанги ӯ буда, бо рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ хавфҳо низ ба таври ба худ хос тағйир ва ташаккул ёфтаанд.

Яке аз чунин хатарҳое, ки дар ҳар давру замон монеаи рушди давлатҳо гардидааст, коррупсия маҳсуб меёбад. Мафҳуми «коррупсия» аз калимаи лотинии corruptio гирифта шуда, дар ибтидо амалҳои ашхосеро, ки ҳадафашон вайрон сохтан, халал расонидан ба рафти мӯътадили мурофиаи судӣ ё раванди идоракунӣ ба корҳои ҷомеа буд, ифода мекард. Минбаъд зери мафҳуми «коррупсия» харидани шахсони мансабдор, фурӯхташавандагии амалдорон, истифодаи имкониятҳои хидматӣ ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд.

Дар Рими қадим зиёда аз 40 намуди порахӯрӣ мавҷуд буд ва дар «маҷмӯи қонунҳои дувоздаҳ ҷадвал» истилоҳи «corrumpere» ба маънои «бо пул иваз кардани нишондод дар суд» ва «ба қозӣ ришва додан» истифода гардида, барои гирифтани пора ҳукми қатл муқаррар шуда буд. Қонунҳои Рим дувуним ҳазор сол пеш навишта шуда буданд, вале худи зуҳуроти коррупсионӣ боз ҳам таърихи бештар дошта, аз таърихи мавҷудияти инсон сарчашма мегирад.

Тибқи маъхазҳои таърихӣ дар ибтидои башарият дар ҷамоаҳои ибтидоӣ масъалаҳои иқтисодӣ бе қурбонӣ ҳал намешуданд. Барои дар минтақаҳои қулай анҷом додани шикор, ҷамъоварии буттамева ё бо духтари зебо барпо намудани оила ба номзадҳо ба сардори қабила як пораи гӯшт ё садафи дурахшон ба сифати тӯҳфа пешниҳод мегардид.

Ба ақидаи муаррихону ҷомеашиносон, аввалин шахсе, ки дар сатҳи давлатдорӣ бо ҷиноятҳои коррупсионӣ мубориза бурдааст, ин Урукагина, подшоҳи шумерҳои шаҳр-давлати Лагаш дар нимаи дуюми асри 24 пеш аз милод ба ҳисоб меравад. Новобаста аз он, ки шоҳи мазкур дар сатҳи болоӣ бо роҳи ҳукми қатл ва ё сӯзондан дар дохили чорпо (гов) бо коррупсия муборизаро ба таври қатъӣ ба роҳ монда бошад ҳам, вале дар сатҳи поёнӣ ҳануз содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ падидаи муқаррарӣ буд.

Аввалин рисолаи таърихие, ки содир гардидани ҷиноятҳои коррупсиониро маҳкум намудааст, ин Артха Шастра ба ҳисоб меравад.

 

Дар таърихи давлатдории форсу тоҷик низ мубориза бо ин падидаи номатлуб дар ба таври қатъӣ ба роҳ монда шуда, ҳатто дар аввалин санадҳои ҳуқуқӣ ҷавобгарӣ барои он муқаррар гардидааст.

Дар замони ҳукмронии Куруши Кабир ва Дориюши Кабир масъалаҳои муқовимат ба коррупсия дар қиёс ба мафҳуми фасоди молӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими он давр маҳсуб меёфт. Ин буд, ки дар Эъломияи Куруши Кабир ба масъалаҳои озодии фаъолият, дину мазҳаб ва интихоби маҳалли зист диққати аввалиндараҷа дода мешуд. Дар замони ҳукмронии шоҳ Камбиз масъалаи мубориза бо коррупсия мавриди диққати махсуси шоҳ қарор гирифта, ҳато яке аз қозиҳо бо номи Сисамнесро, ки барои гирифтани пора ба даст афтода буд, пӯст канда, аз он курсӣ барои нишасти қозӣ месозанд. Сипас шоҳ писари Сисамнесро ба ҳайси қозӣ таъин намуда, ба болои курсие, ки аз пусти падараш сохта шудааст, мешишонад ва таъкид менамояд, ки ҳар замоне даст ба гирифтани пора мезанӣ дар хотир дор, ки дар куҷо нишастаӣ. Мисолҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки аз ибтидои давлатдорӣ инсоният ҳатман бо ҳар гуна зуҳуроти номатлуб рӯ ба рӯ гардида, барои ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ талош варзидааст.

Дар асрҳои миёна бо мураккаб гардидани механизми идоракунии давлатӣ мубориза бо фасодкорӣ яке аз мушкилоти асосие ба ҳисоб мерафт, ки ҳалли худро талаб мекард. Назорати нокифояи дастгоҳи идоракунӣ ва дур будан аз ҷазо барои авҷ гирифтани ҷиноятҳои коррупсионӣ хусусан дар байни аёну ашроф замина гузошта, дар натиҷа дар ҷамъият беназмию бе қонуниро ба бор овард.

Ин буд, ки ҳатто олимону мутафаккирони давр ба масъалаи мубориза бо коррупсия нуқтаи назари хешро иброз намуда, ин падидаи номатлубро ҳамчун фурухташавии виҷдону қадри инсоният баҳо додаанд.

Аз ҷумла ба ақидаи Николо Макиавели коррупсияро ба як беморие шабоҳат додан мумкин аст, ки дар аввал дарк намуданаш душвор аст, аммо табобаташ осонтар аст. Агар беэътиноӣ карда шавад, шинохтан осон вале табобаташ душвор мегардад. Дар «Ғиёс-ул-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсуддин чунин омадааст: «Ришват – он чӣ ба касе диҳанд, то корсозии баноҳақ кунад ва дар Форси қадим онро пора гӯянд».

Марҳилаи нави таҳаввулоти коррупсия дар кишварҳои пешрафта дар асри бистум оғоз мешавад. Ба ин таҳаввулот пеш аз ҳама пурқувват ва мутамарказ шудани назорати давлатӣ ва бо рушди тиҷорати калон кушишҳои дахолат кардани он ба низоми сиёсии кимшварҳо таъсир расонд. Нуқтаи аз ҳама баланди рушди коррупсия ба пайдоиши давлатҳои мустаъқили нав дар нимаи дуюми асри бистум алоқаманд аст.

Дар замони муосир бо рушди иқтисоди бозаргонӣ ва муносибатҳои тиҷоратии байналмилалӣ коррупсия хусусияти умумиҷаҳониро касб намуда, бо низоми боз ҳам мураккаб ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсири бниҳоят манфӣ расонид. Аз ин лиҳоз ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки бо мақсади якҷоя намудани кушишҳо дар самти мубориза бо коррупсия як санади меъёрии ҳуқуқии байналмилалиро қабул намуда, муносибатҳои байни давлатҳоро дар доираи он ба роҳ монанд. Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 дар 51-ум ҷаласаи пленарии сессияи 58-уми Ассамблеяи Генералии СММ, бо қатъномаи 58/4 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуд.

Зимнан 9-11 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Меридаи Мексика ин санади байналмилалии зиддикоррупсионӣ барои имзо кушода эълон гардид, он аз ҷониби зиёда аз 100 давлати дунё пазируфта шуд. Аз ин хотир 9 декабр ҳамчун «Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия» эълон гардида, аз соли 2004 инҷониб ҳамасола аз ҷониби давлатҳои дунё таҷлил карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошта, он соли 2008 баъди тасдиқ ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.

Мубориза бар зидди коррупсия дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша яке аз масъалаҳои асосӣ буда, муқовимат ва пешгирии омилҳои ба он мусоидаткунанда сол ба сол ҷиддитар мешавад. Алалхусус, ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» соли 1999, инчунин қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» дар соли 2005, кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, бархе аз номгӯи зиёди он чорабиниҳост, ки баҳри ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт замина гузошт.

Ҳамчунин, дар идомаи ин иқдомот бо мақсади муттаҳид сохтани саъю кӯшишҳои зидикоррупсионии давлат, ба ин мубориза ҷалб намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, намояндагони бахши хусусию ташкилотҳои байналмилалӣ бо Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 мақомоти махсусгардонидашудаи зиддикоррупсионӣ – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки вазифаҳои асосии он аз назорати давлатии молиявӣ, пешгирӣ, барҳам додан ва ошкор намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ ва амалӣ намудани маҷмӯи тадбирҳои сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ иборат мебошад.

Илова бар ин, дар кишвар баҳри банақшагирии фаъолияти давлат дар самти муқовимат ба коррупсия се маротиба барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ қабул гардида, дар доираи он тамоми вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди муқовимат ба коррупсия ҷалб карда шуданд.

Бо мақсади ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалигардонии чораҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия аз ҳисоби намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои ҷамъиятӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 декабри соли 2010, №968 Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки 57% аъзои онро намояндагони мақомоти давлатӣ ва 43%-ро намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон ҷиҳати ба роҳ мондани назорати ҷамъиятӣ нисбати қарорҳои қабулкардаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳраку деҳот дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо ҷалби намояндагони аҳли зиё, руҳониён, собиқадорони ҷангу меҳнат, соҳибкорон ва дигар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шудааст.

Комиссияҳои мазкур назорати ҷамъиятиро вобаста ба иҷрои санадҳои қонунгузорӣ, барномаҳо ва нақшаҳои Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсия ба роҳ монда, ҳамкории устувору мунтазами мутақобилаи судмандро байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии фаъолияти онҳоро дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ амалӣ менамоянд.

Ҷиҳати пешбурди кори таҳлилӣ, пешгирӣ, сари вақт ошкор намудану тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд, инчунин бартараф намудани сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 ноябри соли 2015, №587 Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои муқовимат ба коррупсия таъсис дода шуда, фаъолияти он бо маром идома дорад.

Гуфтаҳои боло шаҳодати он аст, ки муқовимат ба коррупсия ҷузъи муҳими сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои зиддикоррупсионӣ тамоми чораҳои муассир роҳандозӣ мегарданд.

Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2003 Нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бар зидди коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказиро ба имзо расонида, мунтазам хисоботҳои даврӣ ва фосилавии худро баҳри иҷрои тавсияҳо дар ин самт ба Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд пешниҳод менамояд ва то инҷониб коршиносони СҲИР чор маротиба мониторинги иҷрои тавсияҳои худро дар Тоҷикистон гузарониданд.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон ҳамкориро бо мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсияи Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Беларус, Арабистони Саудӣ, Қатар, Ҷумҳурии Исломии Покистон, давлати Фаластин инчунин якчанд созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ ба роҳ монда, дар натиҷаи тақвияти сиёсати зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳуроти номатлуб муваффақиятҳои зиёд ба даст овардааст.

Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст танҳо фаъолияти як мақомот дар паст намудани шиддати коррупсия кифоя набуда, зарур аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин роҳ бетараф набошанд. Яке аз роҳҳои асосии паст намудани шиддати коррупсия дар дилхоҳ давлату кишвар ҷаҳон маҳз ба роҳ мондани ҳамкории мутақобила байни ниҳодҳои давлатӣ ва ва ҷомеаи шаҳрвандӣ арзёбӣ мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми вохӯриву мулоқотҳо, чорабиниҳои сиёсӣ доир ба ин падидаи номатлуб изҳори нигаронӣ намуда, баҳри пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои омилҳои коррупсионӣ дар назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас мегузоранд.

Дар воқеъ танҳо дар ҳолати муборизаи дастаҷамъона, ҳамоҳанг сохтани фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили муқовимат ба коррупсия мо метавонем шиддати ин падидани номатлубро дар мамлакат коҳиш дода, сазовори зиндагии арзанда гардем.

Пас биёед дар ҳамбастагӣ ба коррупсия муқовимат намуда, дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем!

scroll to top