Close

Чорабинии идона бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар санаи 14 ноябри соли 2025 дар бинои КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт ” чорабинии идона бахшида Рӯзи Президент баргузор гардид.

Сараввал аз ҷониби кормандон суруди миллӣ ба таври зинда хонда шуда, сипас роҳбарияти корхона кормандонро ба муносибати ин табрик намуда, қайд намуданд, ки муайян гардидани рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” асосҳои ба худ хосро доро мебошад, зеро аз ибтидои ҳамин рӯзи тақдирсоз марҳилаи нави давлатдории тоҷикон оғоз ёфта, Президенти ба тариқи райъпурсии умумихалқӣ тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шурӯъ намуданд.

Бо дарназардошти эҳтиром ва эътирофи хиради азалӣ, фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, ба даст овардан ва таъмин намудани сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва болоравии обрӯву эътибори мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи ҷаҳонӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун “Рӯзи Президент” таҷассум ёфтааст.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати ин абармарди таърих кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми имконот истифода намоем.

Бигзор, хуршеди озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон Тоҷикистон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад!

Previous
Next
scroll to top