Дӯстони азиз, ҳамкасбони арҷманд,
Дар таърихи сиёсати ҷаҳонӣ таҷрибаи арҷгузорӣ ба хизматҳои арзандаи шахсиятҳои бузург, сиёсатмадорони барҷаста ва ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ роиҷ ва маъмул аст. Дар бисёр кишварҳо санаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти чунин шахсиятҳо ҳамчун ҷашнҳои умумумиллӣ қабул гардида, дар сатҳи баланди давлатӣ таҷлил карда мешаванд.
Дар кишвари мо аз соли 2016 инҷониб тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси чунин иди умумимиллӣ пазируфта шудааст ва дар саросари мамлакат, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти марказӣ ва маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва дигар идораю муассисаҳо, намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва миёни тоҷикони бурунмарзӣ бо шаҳомати хоса ва ифтихору сарфарозӣ ҷашн гирифта мешавад.
Ба ин муносибат ман ҳамаи шумо ва дар шахси шумо аҳли оилаи ҳар кадоматонро бо ин ҷашни бошукуҳ самимона табрику таҳният мегӯям.
Дӯстони арҷманд,
Мардуми сарбаланди мо дар ин рӯзи фараҳбахш эҳтирому эътимод ва ихлосмандию ифтихормандии худро ба Сарвари давлат баён медоранд. Зеро Пешвои миллати мо на танҳо дар байни сокинони Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин дар миёни кишварҳои ҷаҳони мутамаддин, роҳбарони давлатҳо, сиёсатмадорон ва намояндагони қавму миллатҳои гуногун маҳбубият ва эҳтироми сазовор пайдо кардаанд.
Барои тақвияти ин фикр ин ҷо чанд иқтибос меорам, ки аз забони сарварони чор давлати дунё садо додаанд:
Президенти Федератсия Русия Владимир Путин дар як мақола, ки соли 1999 дар маҷаллаи бонуфузи ин кишвар «Огонёк» дарҷ шудааст, чунин изҳори андеша намудааст:
«Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз мавқеъҳои асосиро ишғол менамояд. Ва ин амри тасодуф нест. Тамоми саъй ва кӯшишҳои ӯ нишон медиҳанд, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ идома дорад. Намунаи ҳамсон ба ин раванд дар кишварҳои дигар, ки дар он ҷо авзоъ то андозае муташанниҷ аст, вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад, — барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрати хуб аст».
Дар як мавод, ки соли 2000-ум дар маҷаллаи «Огонёк» ба табъ расидааст, чунин суханони Дзян Дземин, ки солҳои 1993 – 2003 Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин буд, оварда шудааст. Ӯ гуфтааст:
«Халқи Тоҷикистон бо сарварии Президент Эмомалӣ Раҳмонов бо итминон вориди ҳазорсолаи сеюм мешавад. Саъйу кӯшишҳои Сарвари давлати тоҷикон ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои осиёӣ ба ҳама маълум аст. Мо ҳама ҷонибдори сулҳ, ризоият ва рушди минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем».
Маълумоти пурра дар сомонаи расмии Вазорати нақлиёти ҶумҳурииТоҷикистон




