ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” МУМИН ЛАШКАР ҚИЁМУДДИН
Ҳамватанони азиз,
Сараввал, ҳамаи шуморо аз номи маъмурияти КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, дар ин Соли нави аҷдодӣ ба ҳар яки шумо саломатӣ, хонаи обод, файзу баракати наврӯзӣ ва соли неку бобарор орзу менамоям.
Миллати тамаддунофари тоҷик тайи солҳои соҳибистиқлолӣ ба эҳёи дубораи расму оинҳои миллӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги куҳани хеш таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудааст. Яке аз ҷашнҳои суннатии халқи тоҷик Наврӯз мебошад, ки имрӯз бо тамоми суннат ва анъанаҳои деринаи худ бо шукӯҳу ҷалоли хосса таҷлил мешавад. Боиси ифтихори мардуми фарҳангдӯсти тоҷик аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳангии ғайримоддии башарият эътироф гардида, ба он мақоми байналмилалӣ дода шудааст. Ҳамаи ин аз заҳматҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.
Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи Наврӯз ба ҳисоб рафта, аз замонҳои қадим то ба имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстонаи хеш – дӯстиву рафоқат, ҳамкориву ҳамбастагӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои фаровони табиат мардумро гирди ҳам меорад.
Наврӯз ҷашнест созандаву сулҳовар, муттаҳидкунандаи инсонҳо ва таблиғгари дӯстию рафоқат, баробарӣ, адолату додгустарӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ. Маҳз ба ҳамин хотир, Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи генералӣ ҳангоми ба рӯйхати мероси фарҳанги ғайримоддии башарӣ ворид намудани ҷашни Наврӯз қатъномаро таҳти унвони «Фарҳанги сулҳ» қабул намуд.
Дар фарҳанги мардуми мо ин ҷашни фархунда мақоми хосса дошта, баъди соҳибистиқлол гаштани Ватани маҳбубамон Тоҷикистон бо тамоми шукӯҳу ҷалолаш эҳё гардид ва ба ҷашни асосии миллии тоҷикон табдил ёфта, дар сартосари ҷумҳурӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз ҳунарҳои миллии мардумӣ ба намоиш гузошта мешаванд. Намоишҳои дастаҷамъии ҳунармандон, бозиҳои миллӣ – гуштин, бузкашӣ, асппойга ва ғайра доир мегарданд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳо дар варзишгоҳҳои калон тантанаҳои наврӯзӣ баргузор мегарданд.
Наврӯз бо хусусиятҳои инсонпарваронаи некиву накукорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ ба ҷашни байналмилалӣ табдил ёфта, имрӯзҳо дар бисёр кишварҳои ҷаҳон истиқбол гирифта мешавад.
Боиси ифтихор аст, ки муҳимтарин суннату таомулҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо нақшаву ниятҳои нав оғоз намудани кору зиндагӣ, пок кардани қалбҳо аз кинаву кудурат, поксозии ҷиҳозу асбоби хона, аёдати пирону беморон, дастгирии ятимону эҳтиёҷмандон, шинонидани ниҳолҳо, донапошӣ ва ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар ин шабу рӯзҳои ҷашн ба таври оммавӣ аз ҷониби аҳолӣ дастгирӣ меёбад.
Бигзор баҳору Наврӯз оғози шукуфтанҳо ва муваффақиятҳои беназири миллати тамаддунофари тоҷик бошад.
Ҷашни Наврӯз муборак ҳамдиёрони азиз!




