Хизмати софдилона, меҳнати беғараз, эҳсоси масъулият, дарки амиқи мафҳуми иҷрои вазифаҳои бар дӯшдошта шахсро бешак миёни ҷомеа обрӯманд ва сарбаланд месозад. Дар ҳошияи қадрдонии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим аз 22.07.2022., №150 дар арафаи Иди касбии нақлиётчиён роҳбари филиали Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – дар минтақаи Рашт Азимов Асомудин Худойдотович бо нишони “НАҚЛИЁТЧИИ ФАХРӢ” сарфароз гардонида шуд. Ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба собиқаи баланди корӣ нишон аз ҷониби Садори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон тақдим гардид.
Азимов Асомудин аз моҳи сентябри соли 2020 ҳамчун роҳбари филиал дар минтақаи Рашт адои вазифа намуда, қабл аз он дар вазифаҳои гуногун кор ва фаъолият кардааст. Масъулияти баланди корбарию кордонии ӯ ҳамчун роҳбари филиал намунаи ибрат аст.






