Close

Дар санаи 25 июли соли 2025 дар толори Хадамоти давлати назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт бахшида ба рӯзи кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ ҷаласа доир гардид.

Дар оғози ҷаласа Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт муҳтарам Қурбонзода Д.Қ. кормандонро бахшида ба 86 – умин солгарди иди кормандони соҳаи нақлиёти автомобилӣ табрик намуда, қайд намуданд, ки ҳамасола санаи 25 июл дар қаламрави ҷумҳурӣ Рӯзи кормандони нақлиёти автомобилӣ дар фазои орому осоиштаи кишвар ва ягонагию ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад.
Соҳаи нақлиёти автомобилӣ ҷузъи муҳими робита байни саноат, соҳаи кишоварзӣ, шаҳру ноҳияҳо ва аҳолии деҳот буда, муносибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии онро густариш медиҳад. Рушду пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва иқтисодиёти дилхоҳ кишварро бе нақлиёт, бахусус автомобил тасаввур кардан ғайриимкон аст, зеро ҳаёти ҳар яки мо ҳамарӯза ба автомобил иртибот дорад. Ин алоқамандӣ дар шароити хоси табиӣ-иқлимии ҷумҳуриамон баръало дида мешавад.
Дар ин раванд бо саъю талош ва дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо бунёд гардидани шоҳроҳҳои автомобилӣ ва инфрасохтори нақлиётӣ Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфта, бо пайваст ва таъмин гардидани шабакаи нақлиётӣ ба давлати воҳид табдил ёфт. Имрӯзҳо нақлиётчиёни мамлакат дар рушди соҳаи иқтисодии ҷумҳурӣ саҳми арзанда гузошта, барои рушди ин соҳаи хеле муҳим ва афзалиятнок саъю талош менамоянд.
Дар охири ҷаласа кормандоне, ки дар соҳаи нақлиёт саҳми арзанда гузоштаанд қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла ба директори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” Саидзода Сайфиддин Саидҷафар бо фармоши Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт аз 24 июли соли 2025 №29 бо нишони “АЪЛОЧИИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТИИ НАЗОРАТ ВА ТАНЗИМ ДАР СОҲАИ НАҚЛИЁТ” сарфароз гардонида шуд.

scroll to top