Previous
Next
Ҳамасола, рӯзи 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан Савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд. Ҳамасола дар ҷумҳурии азизамон ҳамоишҳову ҷашнвораҳо дар робита ба эҳёи бузургони гузаштаи халқамон ва пос доштани арзишҳои миллиамон таҷлил карда мешаванд, ки ин нишонаи олии арҷгузорӣ ба гузашта, имрӯза ва ояндаи фарзонафарзандони миллати шарафманди тоҷик дар тули асрҳо мебошад.
Агарчанде, ки ҳамаи ин чорабиниҳо барои шинохт ва асолати миллат ҷойгоҳи махсуси худро доранд, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ин миён ба худ мақоми махсусро касб кардааст.
Новобаста аз он ки таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» чун як рамзи давлатдорӣ ба хотири қадрдонию арҷгузорӣ ба «Ҳокимияти Президентӣ» алоқамандӣ дорад, вале ҳақиқати воқеӣ дар он ифода меёбад, ки кулли мардуми сарбаланди миллати тоҷик дар баробари ба ёд овардани «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», пештар аз ҳама, симо ва шахсияти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмату заҳматҳои бузурги ин абармарди таърихӣ ва сиёсатмадори барҷастаро дар роҳи наҷоти давлату миллат пеши назар меоранд.
Аз таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон дида мешавад, ки абармардон ва шахсиятҳои таърихие буданд, ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳассос ба сари ҳокимият омада, зимоми давлатдориро бар души худ гирифта барои баланд бардоштани обруву нуфузи давлати худ нақши абадӣ гузоштаанд. Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон -Президенти Амрикои демократӣ ё худ сарвари мамлакати Хитой -Мао Сзе Дун, ё ин ки дар Туркия -Мустафо Камол дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд.
Дар ин маврид шахсиятҳои барҷастаи арсаи сиёсат доир ба фидокориҳои роҳбари давлати тоҷик ибрози ақида намудаанд. Аз ҷумла, Президенти Федератсия Руссия Владимир Путин чунин ибрози андеша намудааст « Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар байни сиёсатмадорони Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Ин беҳуда нест. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ як мамлакате, ки чунин вазъияти муташанниҷ дошт, дида намешуд. Ҳар он чи оид ба ин масъала дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст, мисоли хубест барои бисёр халқҳову мамолики дигар».
Қаҳрамони миллии Афғонистон, марҳум Аҳмадшоҳи Масъуд Президенти моро самимӣ дуст медошт ва боре таъкид карда буд, ки “Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасаввур кунед, мо зиёда аз сӣ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои Шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун тасаввур кунед, ки Шумо чӣ гуна Пешвое доред. Ин гуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд”.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон хуб эҳсос мекунанд, ки Пешвои миллат, сарфи назар аз ҳамаи мушкилоту монеаҳои мавҷуда, тамоми захираву имкониятҳоро барои беҳбуд бахшидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ сафарбар менамоянд.
Эмомалӣ Раҳмон Мардумсолор аст, ки халқро ба сӯйи ободӣ раҳнамун сохта, Роғунро бо шикастани ҳама шакку шубҳаҳои дӯсту душман сохт. Ӯ ҳамон Мушкилкушоест, ки ормонҳои чандинсолаи миллатро бароварда сохт. Ҳамчун Пайғомрасон пайғоми сулҳро бароямон овард, сулҳе, ки маргро ба зиндагӣ, мамотро ба ҳаёт табдил карда, сулҳе, ки то ҳанӯз орзуи аксари кишварҳои даргир боқӣ мондааст. Шахсияти барҷаста, ватандӯст, мардумшиносу халқпарвар, ваҳдаторову хештаншинос, нангорову баномус ва амсоли инҳо намунаи ибрати ҷаҳониён гаштааст.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки дар партави сиёсати ин абармарди таърих кору фаъолияти пурсамар намоем ва барои расидан ба ҳадафҳои судманди миллӣ аз тамоми имконот истифода намоем.
Эмомалӣ Раҳмон Давлатмарди Давлатмеҳвар аст, ки дар дили ҳар яки мо чароғи умед ба фардоро рӯшан нигоҳ медорад. Зиҳӣ Пешвои миллат муҳтарм Эмомали Раҳмон! Будани Шумо барои миллати мо ифтихор аст. Бигзор, хуршеди озодиву истиқлолият ба хонадони ҳар фарди кишвари маҳбубамон Тоҷикистон то абад файзу баракат ва нуру зиё бахшад!
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамватанони азиз.
Post Views: 168




