Close

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАРОН

22222 ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАРОН

Модарони азиз, хоҳарон, ҳамкорон, занони соҳибкор — Бонувони азиз! Лутфан табрикоти самимии моро бахшида ба Рӯзи Модарон – Рӯзи байналмилалии занон қабул намоед! Чун анъана, 8 март бо фарорасии баҳор рост омада, зебоӣ, меҳрубонӣ, фасли баҳор, бедоршавии табиат ва шодию хуррамиро дар худ таҷассум мекунад. Ҳама арзишҳои ҷовидонаи инсон: меҳру муҳаббат, оила, тарбияи фарзандон, тартибот дар хонаҳои мо, дастархони пурнозу неъмат, меҳрубонӣ – аз қадимулайём аз Шумо занони маҳбуби мо сарчашма мегиранд. Дар ин ҷашни хотирмони баҳорӣ, мо мардон ҳамеша мекӯшем, ки бо қалбхои саршори пур аз муҳаббат, нисбат ба занони азизамон — модарон, занон, духтарон, ҳамкасбон, миннатдорӣ ва меҳру муҳаббати худро изҳор намоем. Дар ҳама давру замон, дар байни ҳама халқу миллатхо, зан симои зебоӣ, меҳру мухаббат, ғамхории модарона ва сулҳу оромиро ифода мекунад. Имрузҳо муввафақият ва дастоавардҳои навин вобаста ба ҳама пахлуҳои зиндагӣ ба хирад, меҳру муҳаббат ва меҳнатдӯстии Шумо занҳои меҳрубон вобастагӣ дорад.

Маъмурияти КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар партави дастуру ҳидоятҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ба тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занон таваҷҷуҳи зиёд менамояд. Имрӯз дар шуъбаҳои корхона сар карда аз мутахассиси одӣ то мудири шуъба занону духтарон кору фаъолият менамоянд.

Бонувони азиз, маъмурияти КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бори дигар Шуморо ба муносибати фарорасии фасли баҳори хуҷастапай ва Рӯзи модарон самимона муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хонаободӣ, фаъолияти пурсамар ва эҳсоси фараҳмандиву бахту саодати воқеӣ таманно менамояд!

Бо эҳтиром,
Директори КВД “МСКХСН”       Саидзода С.С.

scroll to top