10 июли соли ҷорӣ ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ва Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар бинои Хадамот бо иштироки муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа Саидмуродзода Шоиста–муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Далер Қурбон–сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, Қодирзода Сайфулло – Сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини директори Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Доробова Хандонгул – сармуҳаррири ҳафтаномаи “Нақлиёт”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони сардори Хадамот, сардорони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарону сардорони шуъбаҳои нозиротии воҳидҳои сохтории Хадамот ва муовинони директор, сармуҳандис, сардори Раёсати сертификатсия ва нозирот дар соҳаи нақлиёт, роҳбарони филиалҳои КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” иштирок ва суханрони намуданд.
Нахуст баромади муовини Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт доир ба натиҷаҳои фаъолияти Хадамот дар нимсолаи якуми соли 2024 шунида шуд.
Дар баромади худ муовини Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт маълумоти муфассал оиди фаъолияти корхона дар давраи ҳисоботи пешниҳод намуданд. Дар идомаи маҷлис аз ҷониби муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар алоҳидаги ба масъалаҳои корӣ ибрози андеша намуданд. Инчунин қайд намуданд, ки новобаста ба дастовардҳои назарраси соҳа мушкилҳои зиёде низ чой доранд ва барои иҷроиши саривақтии ин масалаҳо ва бартараф намудани онҳо ба ҳозирин дастуру супоришҳои мушаххас пешниҳод намуданд.
Previous
Next
Post Views: 191




