Close

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” САИДЗОДА С.С.

1655002415_32-kartinkof-club-p-kartinki-pozdravleniya-navruz-na-tadzhiksk-32-1024x576 ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” САИДЗОДА С.С.

Ҳамватанони азиз,

Дар ин рӯзҳои пурнишоту идона тамоми кормандони соҳаи нақлиётро ва тамоми мардуми Тоҷикистони азизро ба Наврӯзи хуҷастапай самимона табрику таҳният гуфта, орзумандам, ки дар хонадони ҳар кадоми онҳо сулҳу оромӣ, хотирҷамъиву осоиштагӣ ва хушбахтиву бахту саодат ҳамеша пойдор бошад. Бигзор Наврӯзи хуҷастапай бо қудуми нек ва файзбораш ба хонадони ҳар тоҷику тоҷикистонӣ файзу баракат, нишоти ҳамешагӣ ва хушбахтиву саодат биоварад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз гуфтаанд: “Ҷаҳонишавии Наврӯз дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо имкон фароҳам овард, то мардуми олам бо такя ба фитрату сиришти ин ҷашни қадима аз ҳар ҷиҳат ба он бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, зеро муҳтавои Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неку созандаи он метавонанд ҳамчун омили муҳими ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат мекунад”.

Дар воқеъ, Наврӯз аз рӯйи мазмун, моҳият ва номи зебояш ба мардуми тоҷик иртиботи ногусастанӣ доштаву дар фарҳанг ва забони дигар халқу миллатҳо мавқеи хешро пайдо намуда, имрӯз дар тамаддуни башарият мақоми махсусро соҳиб гардидааст.

Маҳз бо дарназадошти аҳамияти иттиҳодиву дӯстӣ ва ваҳдату якдилӣ дар байни миллатҳои олам доштанаш Наврӯз соли 2010 бо ташаббуси роҳбарони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, ки саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар ин иқдом бузург аст, аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфта шуд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии мост.

Наврӯз дар баробари дигар фазилатҳои некаш, инчунин ҷашни некиву накукорӣ, дӯстиву иттиҳодӣ ва ободиву созандагӣ мебошад.

Наврӯз, ки эҳсоси якдигарфаҳмӣ, дӯстиву бародарӣ ва анҷоми корҳои ободониву созандагиро дар қалби мардуми олам бедор мекунад, бигзор то абад поянда бошад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, бори дигар тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба иди Наврӯзи оламафрӯз табрику таҳният гуфта, ба ҳар кадоми онҳо саломативу сарбаландӣ, бахту иқбол, пирӯзӣ, дили беғам ва хонаи ободро орзумандам.

Ҷашни Наврӯз муборак, ҳамватанони азиз!

Бо эҳтиром,

Директори КВД “МСКХСН”                  Саидзода С.С.

scroll to top