Close

Табрикоти Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» Саидзода С.С. ба ифтихори таҷлили Соли Нави мелодии 2024

Ҳамдиёрони азиз!

Шуморо бо фаро расидани Соли Нави мелодии 2024 самимона табрику муборакбод мегӯем.

Соли 2023 барои мардуми кишвар ҳамчун соли заҳмати содиқонаву софдилона баҳри ободии Ватани азизу маҳбубамон, амалй гардидани ҳадафҳои неки бунёдкорона ва дастовардҳои навбатии давлати соҳибистиқлоламон нақш хоҳад баст. Ҳамчунин, соли нави 2024-ро бо умеду орзуҳои нек ва нияту нақшаҳои нави созандаи Ҳукумати кишвар истиқбол мегирем.

Бо қаноатмандӣ қайд менамоем, ки соли 2023-ум барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати тоҷикон соли бобарор ва пурфайзу бобаракат буд.

 

Мо бояд дар соли нави мелодӣ ва солҳои минбаъда низ ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори меҳанпарастӣ ҳарчи бештар заҳмат кашида, бо дарки рисолати олии ватандорӣ барои ободонии сарзамини муқаддасамон дастаҷамъона саъю талош намоем.

Бигзор, Соли нави мелодӣ барои ҳар як хонадони мардуми тоҷик соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди орзуҳо, субҳи пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои навин гардад!

Дар ин лаҳзаҳои идона ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди кишварро бо фарорасии соли нави 2024-ум, яъне соли идомаи корҳои созандагиву ободкорӣ ва амалй гардидани орзуву ормонҳои халқи тоҷик самимона табрик гуфта, ба Шумо сиҳатмандиву рӯзгори осуда, бахти пояндаву иқболи нек ва зиндагии пурфайзу бобаракат орзу менамоем.

Бигзор Соли нав ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ файзу баракат ва нусратҳои нав оварад.

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Директори КВД “МСКХСН”        Саидзода С.С.

scroll to top