Санаи 13 октябри соли 2025 дар бинои КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” натиҷагири аз фаъолияти нуҳ моҳи соли ҷорӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якуми Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт – Раҳимзода М.У., ҳайати роҳбарикунандаи корхона, сардори Раёсат, сардорони шӯъбаҳо, мудирони бахшҳо ва роҳбарони филиалҳои корхона иштирок намуданд.
Корхонаи мазкур ҷиҳати таъмини иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, аз ҷумла Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2006 №779 “Дар бораи тасдиқи қоидаҳои аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёри муқарраршуда зиёданд” дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт як қатор корҳоро ба роҳ монда, аз руи нақша маҷмуи кор ва хизматрасониҳоро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба 128,4 % иҷро намуд.
Вобаста ба иҷроиши Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва иҷроиши супориши протоколи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамот бошад, корхона бо ҶСК “Алиф Бонк” шартнома оид ба Интернет-эквайринг ба имзо расонида, 23 адад QR-code-и ягона, инчунин аз ҶСП ТАҚХ “Ҳумо” 71 адад POS-терминалҳои нави муосир дар нуқтаҳои баркашӣ васл намудааст.
Бояд қайд кард, ки корхона дар ихтиёри худ 67 адад таҷҳизоти вазнченкунӣ, аз ҷумла тарозуҳои динамикӣ, системаи худкори динамикии баркашии камсуръат, инчунин таҷҳизоти муосири мобилӣ дошта, метавонад андоза ва вазни воситаҳои нақлиётро дар роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ пурра ба меъёрҳои муқаррарнамуда мутобиқ гардонад.
Ҳамзамон дар ҳамкорӣ бо кормандони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар корхона низоми муомилоти электронии ҳуҷҷатҳо (ЭДО) пурра ворид гардида, тамоми мукотибот ва ҳуҷҷатгузориҳо тавассути он ба роҳ монда шудааст.
Ҷиҳати иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 марти соли 2024, №192 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025” Нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, корхона дар мавсими тирамоҳу зимистон фаъолияти худро баҳри таъмини иҷрои он равона гардонида, дар якҷоягӣ бо Раёсатҳои минтақавӣ, шуъбаи хоҷагии роҳҳои Хадамот ва МДНРА-ҳо фаъолияти озмоишгоҳро пурра бо талаботи имруза ҷавобгуй гардонида, оиди муайян намудани мутобиқати қуму намак, дар ин самт корҳои озмоишӣ идома доранд.
Роҳбарияти корхона баҳри таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои истеҳсолии корхона дар ҷамъбасти соли ҷорӣ аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда истифода бурда истодааст.




