Close

ПРЕЗИДЕНТИ МАН – ИФТИХОРИ МАН

Рӯзи Президент ҷашни пурифтихори миллӣ дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки на танҳо рушди ҷаҳонбинию анъанаҳои мардумро афзун менамояд, балки  хизматҳои бесобиқаи Президенти муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмонро дар масири давлатдории миллӣ ва баровардани  кишвар аз буҳрони сахти иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ тақвият мебахшад. Имрӯз, ки мову шумо дар арафаи ҷашни Рӯзи Президент қарор дорем, ин тақозои тақвияти ихлосмандӣ, муҳаббати бепоён ва ифтихору саодатмандии мардуми кишварро нисбат ба Президенти муҳтарами кишвар баён менамояд.

Мавриди зикр аст, ки дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон нақши фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Маҳз шахсияти Пешвои миллат буд, ки халқи тоҷик аз парокандагӣ наҷот ёфт ва то охирин гурезаи тоҷик ба ватан баргашт.

Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт”, кулли мардуми кишвари азизамонро бо рӯзи Президент самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки мову Шумо фазои осоишу меҳру муҳаббат, файзу баракат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу сафо ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно менамояд.

 Валиев Фирӯз Ҷабборович Сармутахассиси шӯъбаи кадрҳо

1514952737_tabrikoti-soli-nav-300x200 ПРЕЗИДЕНТИ МАН – ИФТИХОРИ МАН

scroll to top