Close

САЙРАҲМОН БЕКОВ – ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бо ин ки шумораи зиёди мутахассисонро ҳамчун эксперт дар нуқтаҳои баркашӣ барои хизматрасонӣ ба кор қабул намудааст, дар баробари мутахассис будани кормандони мазкур миёни онҳо ҳастанд нафароне, ки қобилият ва моҳорати гуногун доранд. Ҳамзамон, дастгирии бевоситаи роҳбарияти корхона дар самти варзиш назаррас буда, яке аз кормандони корхона Сайраҳмон Беков, ки ҳамчун эксперти филиали корхона дар НТҶ минтақаи Ҳисор кор ва фаъолият менамояд, дар мусобиқаи варзишии дар сатҳи ҷумҳуриявӣ дастболо гашт.  Ӯ як варзишгари собиқадор, устоди варзиши ҷумҳуриявӣ, ғолиби мусобиқаҳои бешумор, дорандаи чандин медалҳои тиллою нуқраю биринҷ ва як корманди дорои масъулияти баланд аст.

Санаи 23 – 24 сентябри соли ҷорӣ дар маҷмааи Клуби “Ҳоҷӣ Шариф”, дар шаҳри Душанбе дар Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷудо байни собиқадорон, ки бо ташаббуси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид, дар вазни 100кг сазовори ҷойи аввал гардид. Дар равиши тантанавӣ аз ҷониби Ноиби аввали Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Э. Маҳмадбеков бо диплом ва медали тилло сарфароз гардонида шуд.

Ҳайати кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” аз ин дастовард ниҳоят шодмон буда, умедворанд, ки чунин мусобиқаҳо ва дастовардҳои назаррас дар корхона давомдор хоҳад буд.

КВД “МСКХСН”

IMG-20230924-WA0025-e1696227499128-192x300 САЙРАҲМОН БЕКОВ – ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ           IMG-20230925-WA0026-e1696227526885-300x293 САЙРАҲМОН БЕКОВ – ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

IMG-20230924-WA0026-e1696227514985-300x204 САЙРАҲМОН БЕКОВ – ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

scroll to top