Close

ПАРЧАМАТ ПАРАФШОН БОД, ЭЙ ВАТАН!

Парчам ҳуввият, озодагӣ, ва ғуруру номуси миллати асилзодаи мост! Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

IMG_5097-scaled-e1700810572507-300x198 ПАРЧАМАТ ПАРАФШОН БОД, ЭЙ ВАТАН!

24 ноябри соли 1992 дар Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Низомномаи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. 22 ноябри соли 1994 дар бораи даровардани илова ба Низомномаи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шурои олӣ қонун қабул кард.

IMG_5102-scaled-e1700810689787-292x300 ПАРЧАМАТ ПАРАФШОН БОД, ЭЙ ВАТАН!

Парчами давлатӣ аз матои росткунҷаи нафису зебои серангаи Сурх, Сафед ва Сабз таркиб ёфтааст, ки ҳар ранг маънои мушаххасро ифода менамояд.

IMG_5102-1-300x200 ПАРЧАМАТ ПАРАФШОН БОД, ЭЙ ВАТАН!

Эй парчами умед, то парфишон туйӣ,
Дар осмони бахт рангинамон туйӣ.
Сурхии ту, яқин сурхии рӯ бувад,
Рӯ сурхии абад з-ин обрӯ бувад.

Ранги сафеди ту бахти сафеди мост,
Роҳи сафеди мо, рамзи умеди мост.
Мо бо ту меравем то қуллаи мурод,
Моро чу раҳнамо ҳафт ахтари ту бод!

beautiful-national-state-flag-of-tajikistan-fluttering_337817-1359-300x187 ПАРЧАМАТ ПАРАФШОН БОД, ЭЙ ВАТАН!

scroll to top