Close

ИСТИҚЛОЛИЯТ ХУШБАХТӢ ОВАРД…

1691484328_ramzi-32-solagi-2-300x300 ИСТИҚЛОЛИЯТ ХУШБАХТӢ ОВАРД...

Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бо ифтихор ва сарфарозӣ тамоми мардуми шарафманди тоҷикро ва дар шахсияти онҳо тамоми кормандони соҳаи роҳу нақлиётро, ки имрӯзҳо дар фазои суҳлу субот, оромиву осоиштагӣ кору фаъолият менамоянд, бо ҷашни бузурги миллӣ – 32 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику шодбош намуда, сараввал ба кулли ҳамватанон орзуманди саломатӣ, бурдборӣ ва сарбаландӣ аст. Бигзор иҷрои вазифаҳои муҳими мансабӣ пешравиҳо назаррасро ба бор биоварад.

“Истиқлолият дар таърихи давлатдории тоҷикон ва сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳилаи сифатан нав гардида, барои шинохт ва дарёфти арзишҳои тамаддуну фарҳанги миллӣ заминаи устувору пойдор фароҳам овард.” – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ин мафҳум ва тавсиф аз дастоварди бузурги миллат  – Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар гӯшзад месозад, ки миллати тоҷик воқеан ҳам яке аз миллатҳои соҳибтамаддуну бофарҳанг аст.

Умед бар он мебандем, ки Истиқлолияти давлатӣ бо пойдории худ Ватани азизи моро дар арсаи байналмилалӣ саршинос бигардонад!

ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН БОРИ ДИГАР МУБОРАК БОШАД!           

           Бо эҳтиром ва самимияти беандоза Директори КВД “МСКХСН”  САИДЗОДА С.С.

IMG_4857-scaled-e1694153789726-300x241 ИСТИҚЛОЛИЯТ ХУШБАХТӢ ОВАРД...

 

scroll to top