Close

НАСБИ 10 АДАД ТЕХНИКАИ ҚАБУЛИ ПУЛ (ТЕРМИНАЛ) ДАР НУҚТАҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ

НАСБИ 10 АДАД ТЕХНИКАИ ҚАБУЛИ ПУЛ (ТЕРМИНАЛ) ДАР НУҚТАҲОИ ХИЗМАТРАСОНӢ

 Ҳафтаи равон, бо мақсади баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва барои пешрафти кори босифат, саривақтиву сарфакорона роҳбарияти КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ва дар ҳамкорӣ бо ҶДММ “Пайванд гурӯҳ” 10 адад техникаи хизматрасонии қабули пул (терминалҳои худкор)-ро дар нуқтаҳои асосии хизматрасонии корхона ва дар филиалҳои зертобеи он насб намуданд, ки минбаъд истифодабарандагони роҳу нақлиёти боркаш ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ метавонанд ба таври ғайринақдӣ фаро гирифта шаванд. Ҳадаф аз ин иқдом, иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ” аз 30 ноябри соли 2018, таҳти №565 ҷиҳати ташкил намудани фазои мусоид барои рушди низоми пардохтӣ ва зиёд намудани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ, њамчунин иҷрои дастуру супоришҳои Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ин самт ва бо мақсади тақвият додани муқовимат ба коррупсия ва татбиқи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” низ мебошад.

 Дар иртибот ба ин масъала, роҳбарияти КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” тасмим доранд, ки ба ин намуди фаолият кори ҳам ронанда, ҳам экспертонро осон намуда, шумораи чунин техникаҳои худхизматрасониро зиёд намоянд.

scroll to top