Close

ИФТИТОҲИ НУҚТАИ БАРКАШӢ РБ07 ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

WhatsApp-Image-2021-09-25-at-14.26.49-300x181 ИФТИТОҲИ НУҚТАИ БАРКАШӢ РБ07 ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОДБо мақсади дар сатҳти зарурӣ ва дар доираи Нақша – чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 30 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар ноҳияи Файзобод воқеъ дар километри 15+800 – и роҳи автомобилгарди РБ 07, Ваҳдат – Рашт – Лахш нуқтаи баркашии воситаҳои нақлиёти гаронвазн сохта ба истифода дода шуд.

Санаи 11 – уми сентябри соли ҷорӣ бо иштироки директори Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” Мумин Л.Қ., муовини Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Давлатзода З.Ҳ., муовини раиси ноҳияи Файзобод Амонализода Ҷ.А. ва дигар масъулину нафарони саҳмгузошта дар бунёди ин нуқтаи баркашӣ дар шакли идона ба фаъолияти нуқтаи хизматрасонии мазкур ҳусни оғоз бахшиданд. Ин иншоот дар асоси Фармоиши Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.06.2020., №124 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.12.2006., №779 бунёд гардида, барои муайян намудани аз роҳҳои автомобилгард гузаштани воситаҳои нақлиёт бо вазн ва андозаҳое, ки аз меъёри муқарраргардида зиёданд ва дар нигоҳдории роҳҳо аз вайроншавии бармаҳал мусоидат менамояд.

Бояд зикр кард, ки корҳои азнавсозӣ ва асфалтпӯш намудани майдончаи ҷойгиршавии нуқтаи баркашӣ аз тарафи ҶДММ “Муҳаммад Роҳсоз” ба анҷом расонида шудааст. Масоҳати умумии майдонча аз ду тарафи роҳи автомобилгард ба 1040 м2  баробар аст. Барои анҷоми тамоми корҳои сохтмонӣ 318242,73 (сесаду ҳаждаҳ ҳазору дусаду чилу ду) сомонӣ маблағ хароҷот шудааст. Ҷиҳати гузоштани аломатҳои роҳ дар ин нуқтаи баркашӣ дар асоси шартномаи корхона бо КДҶМВИ назди РБДА ВКД ҶТ маблағи хароҷотгардида 21833,10 (бисту як ҳазору ҳаштсаду сию се) сомониро ташкил медиҳад.

WhatsApp-Image-2021-09-25-at-14.28.21-300x200 ИФТИТОҲИ НУҚТАИ БАРКАШӢ РБ07 ДАР НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД

scroll to top