ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ МОДАРОН
Модарон, бонувон, хоҳарони гиромӣ!
Имрӯз мо дар остонаи яке аз муборактарин идҳои инсоният, ҷашни шодии дилҳову меҳру вафои модарон – Рӯзи Модарон қарор дорем, ки ба муносибати ин рӯзи сайид ҳамаи Шуморо самимона табрик гуфта, бароятон, пеш аз ҳама саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонаи ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Аслу ҷавҳари Рӯзи модаронро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад. Зан ҳам дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, ҳам ба сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос ва наҷобати рафтор мебошад.
Вале барои ҳар инсон зан, пеш аз ҳама, модар аст ва бузургии ӯ бар пояи рисолати муқаддаси ҳаётбахшаш бунёд шудааст. Модар сафобахшандаи ҳаёт буда, арзишмандтарин шахс дар олами ҳастӣ ба ҳисоб меравад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди оламгир ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нур мепошад. Инкишофи маънавӣ ва тарбияи ахлоқии фарзанд, қабл аз ҳама, ба нақши модар вобастагӣ дорад, зеро дар хона маҳз модар эҳсоси меҳрубониву ҳамдардӣ, ҳамдиливу ғамхорӣ, муҳаббат ба наздикон, сабру таҳаммул ва тартибу низоми хонаводаро фароҳам оварда, ба фарзандони худ расму таомули оилавиро меомӯзонад.
Бесабаб нест, ки дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун тимсоли покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накукорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш меёбад.
Чи тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Тарбияи ибтидоӣ, ки марҳалаи аз ҳама муҳимми умри инсонӣ мебошад, маҳз ба заҳмати модар ва муҳаббати ӯ вобаста аст».
Боиси хушнудист, ки дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон бонувон мақоми баландро соҳиб буда, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишвар нақши созандае доранд. Аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ масъалаи беҳгардонии шароити занон ҳамеша дар маркази диққати Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошт. Ҳукумати ҷумҳурӣ бо назардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шакли муайяни сиёсати беҳгардонии шароити занонро таъмин намуд. Аз ҷумла, бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат чандин тадбирдои мушаххасу саривақтӣ, монанди қабули барномаи давлатӣ оид ба ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занон, қабули духтарон ба муассисаҳои олии касбӣ тибқи квотаи президентӣ ва ғайра сурат гирифт, ки дар баланд бардоштани манзалату ҷойгоҳи зан-модар нақши назаррас доранд. Чунончи дар Паёми имсолаи Пешвои миллат ироа гардид: “Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад… Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд”.
Маъмурияти КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар партави дастуру ҳидоятҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ба тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занон таваҷҷуҳи зиёд менамояд. Имрӯз дар шуъбаҳои корхона сар карда аз мутахассиси одӣ то мудири шуъба занону духтарон кору фаъолият менамоянд.
Бонувони азиз, маъмурияти КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” бори дигар Шуморо ба муносибати фарорасии фасли баҳори хуҷастапай ва Рӯзи модарон самимона муборакбод гуфта, бароятон тансиҳатӣ, хонаободӣ, фаъолияти пурсамар ва эҳсоси фараҳмандиву бахту саодати воқеӣ таманно менамояд!




