Close

АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ КОҲИШ МЕЁБАНД

Дар доираи иҷрои нақша чорабиниҳо оиди пешгирии ҳолатҳои хусусиятҳои коррупсионидошта санаи 19 апрели соли 2023 бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники адлия Назриён В.Қ. ва теъдоди зиёди кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” ҷаласа баргузор карда шуд. Ҳадаф аз баргузории ҷаласаи мазкур паст намудани шиддати омилҳои корруписонӣ ва мубориза бо ин падидаи номатлуби ҷомеа буда, тамоми паҳлуҳои пешгирии коррупсия пурра баррасӣ гардид.
Барои татбиқу иҷроиши талаботи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа вобаста ба омилҳои коррупсионӣ аз тарафи роҳбарияти корхона миёни кормандон, роҳбарони филиалҳо ва экспертон пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия” ба таври ҳамешагӣ таъкид карда мешавад.
IMG_4348-300x200 АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ КОҲИШ МЕЁБАНД

IMG_4350-300x200 АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ КОҲИШ МЕЁБАНД

IMG_4355-300x200 АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ КОҲИШ МЕЁБАНД

q9oowZ_1CP9FuZrSQtrbtawruGvmuL9r-750x375-1-300x150 АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ КОҲИШ МЕЁБАНД

scroll to top