Close

ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” ДАР СОЛИ 2023

Ҷаласаи ҳисоботии КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт» дар семоҳаи аввали соли 2023 субҳи имрӯз, 08 апрел дар толори маҷлисгоҳи корхона баргузор шуд.

Ҷаласа бо иштироки Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Далер Қурбон, муовини Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Раҳимзода Мирзошариф Убайдулло, Сардори КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” САИДЗОДА С.С.  ва кормандони КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” доир шуд.

Ҷаласаро бо сухани муқаддамотӣ директори корхона САИДЗОДА С.С. ифтитоҳ карда, оид ба фаъолияти корхона дар семоҳаи аввали соли 2023 ҳисобот манзур намуд. Қайд гардид, ки фаъолияти корхона дар семоҳаи аввали соли 2023 нисбат ба ҳамин даврваи соли 2022 назаррас буда, он камбудиҳое, ки дар соли қаблӣ анҷмо нашуд, ба таври мунтазам дар соли равон ҳалли худро пайдо карда истодаанд.

Сипас, ҷиҳати такмили фаъолияти самтҳои мухталифи корхона дар моҳҳои минбаъдаи соли 2023 Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Қурбонзода Далер Қурбон вазифаҳо ва ҳадафҳои муайяну мушаххас гузоштанд.

Директори корхона бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки зери таассуроти илҳомбахш аз дастгирии пайвастаи вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Азим Иброҳим ва роҳнамоии сардори Хадамот Қурбонзода Далер Қурбон содиқонаву софдилона меҳнат карда, бо иҷро намудани нақшаҳои дар пешистода, ба комёбиҳои рўзафзун ноил мегардем.

1681105858317-300x200 ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” ДАР СОЛИ 2023  1681105858328-300x200 ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” ДАР СОЛИ 2023

1681105858321-300x200 ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” ДАР СОЛИ 2023  1681105858312-300x200 ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” ДАР СОЛИ 2023

1681105858278-300x200 ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” ДАР СОЛИ 2023  1681105858296-300x200 ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ” ДАР СОЛИ 2023

scroll to top