Close

ДАР ЧАНД САТР. Рӯйдодҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон

 

Дар ин бахш хабарҳои кӯтоҳ дар бораи рӯйдодҳо, ҳодисаҳо, изҳорот, дастовардҳо, арзёбиҳо, раддабандиҳо, пешгӯиҳо дар соҳаи роҳу нақлиёти кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойгир карда мешаванд.

ДАР ТОҶИКИСТОН

Тоҷикистон дар доираи раёсати худ дар ИДМ ният дорад, ки лоиҳаро оид ба таҳияи Стратегияи рақамикунонии долонҳои асосии интермодалии нақлиётиро дар фазои Иттиҳод пешниҳод намояд. Дар ин бора Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон Илҳом Абдураҳмон 25 январ дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2025 изҳор дошт.

Сафир тазаккур дод, ки барои татбиқи ин лоиҳа экспертизаи Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) ҷалб карда мешавад.

«Дар самти нақлиёт мо минбаъд низ ба фаъолияти шӯрои Байниҳукуматии роҳсозон, шӯрои ҳамоҳангсозии нақлиёт ва Шӯрои нақлиёти роҳи оҳан дар масъалаҳои лоиҳакашӣ, сохтмон, таҷдид ва истифодаи роҳҳои автомобилӣ ва роҳи оҳан, такмили шабакаи иншооти роҳ мусоидат хоҳем кард. Мо ба талошҳои умумӣ барои бартараф кардани монеаҳо дар роҳи интиқоли транзити байналмилалӣ ва инчунин сиёсати шаффофи нархҳо диққати махсус медиҳем», –  гуфт дипломат.                              

***

Дар Тоҷикистон бунёди маркази логистикӣ барои бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар дод.

Лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди инфрасохтор ва иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла таъсиси маркази логистикӣ барои бастабандӣ ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза дар ҷараёни ҷаласаи машваратии роҳбарони кишварҳои узви Бонки исломии рушд (БИР) бахшида ба стратегияи бонк барои солҳои 2026-2035, ки дар шаҳри Мадинаи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ баргузор гардид, баррасӣ гардиданд.

Рушди иқтисоди «сабз», бунёди иқтидорҳои нави энергетикӣ, бахусус лоиҳаи «Роғун» ҳамчун ташаббуси муҳими минтақавӣ, бунёди поркҳои технологӣ ва тиҷорати электронӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва таҳкими иқтидори содиротӣ, барқарорсозии системаҳои обёрӣ ва сохтмони корез (канализатсия) дар ноҳияи Панҷ, татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Гулистон — Фархор — Панҷ — Дустӣ», инчунин таҳия ва маблағгузории лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди «Гулистон — Кӯлоб» ба миён гузошта шуд.

Роҳбари Гуруҳи БИР омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва афзоиши маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон изҳор намуд.

Бояд гуфт, ки то имрӯз Гуруҳи БИР ба иқтисоди миллии Тоҷикистон беш аз 900 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.


Маълумоти бештар дар сомонаи расмии Вазорати ҶТ

scroll to top