Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт оид ба баргузории ҷаласаҳои ҷамъбастии фаъолияти ХДНТСН ва КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар семоҳаи якуми соли 2023 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли 2023 санаи 11 апрели соли 2023 дар толори маҷлисии Дастгоҳи марказии ХДНТСН ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа, ки бо намояндагии муовини Вазири нақлиёт – Саидмуродзода Ш., Сардори ХДНТСН Қурбонзода Д.Қ. сурат гирифт, дар баробари кормандони хадамот, инчунин директори КВД “МСКХСН” Саидзода С.С., муовинон, сармуҳандис ва роҳбарони филиалҳои минтақавии корхона иштирок доштанд.
Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти семоҳаи ХДНТСН ва КВД “МСКХСН” мавриди баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои ҳалталаб ҳаллу фасл гардиданд. Барои сари вақт бартараф намудани мушкилоти соҳа аз ҷониби роҳбарият ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд, ки дар ҷамъбасти нимсоли якуми соли 2023 бартараф карда хоҳанд шуд.
КВД “МСКХСН”







