Close

ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД…

Имрӯзҳо шодии кормандони Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми корхонаҳои зерсохтори он ҳадду канор надорад. Дар арафаи ҷашни бузурги миллат, дар пешомади санаи муҳими таърихӣ, дар доираи қадрдонии шахсони фаъолияти самаранокдошта бахшида ба 31 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нишон додани малакаи хуби кордонию корбарӣ дар хизмати давлатӣ ва ба харҷ додани кӯшишу талошҳои ҳамаҷониба ҷиҳати пешбурди соҳаи нақлиёт муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Бобозода Раҳим, муовини Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Саидмуродзода Шоиста, муовини сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт – Давлатзода Зулфия ва роҳбари муассисаи томактабии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” Колесова Галина бо медали  “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шуданд.

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

Роҳбарият ва аҳли кормандони Корхонаи воҳиди давлатии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” соҳибувонҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки воқеан ҳам хизмати шоиста менамоянд, аз сидқи дил ва бо самимияти беандоза табрик гуфта, бардавом будани чунин унвонҳои ифтихориро таманно менамояд.                                                                                                                                 КВД “МСКХСН”

Screenshot_20220826-085551_Facebook_2-1-300x201 ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД...   Screenshot_20220826-085530_Facebook_1-1-300x199 ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД...

Screenshot_20220826-085544_Facebook_1-1-300x200 ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД...

scroll to top