Close

БИЁ, НАВРӮЗ, ВАТАН БАРАФРӮЗ…

Наврӯз иди куҳан, вале абадан ҷавон буда, аз самараи сиёсати хирадмандона ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як ҷашни байналмилаӣ табдил ёфтааст. Имрӯзҳо тамоми халқият, башарият ва оммаи мардум новобаста аз нажод, миллат ва сарзамин иди Наврӯз бо сарбаландӣ таҷлил менамоянд.
Бо фарорасии Наврӯз фасли баҳорон, бедории табиат, ҷомаи сабз пӯшидани куҳу саҳрои бекарони кишвар, кишту кори баҳории марди деҳқон оғоз меёбад, ки ин сароғози фаровонии неъмат дар сарзамини бузурги мо аст.
Дар доираи таҷлили ин ҷашни бузурги ниёгон кулли кормандони Корхонаи воҳиди давлатиии “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” дар саҳни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарфарозӣ Наврӯзи оламро таҷлил намуданд. Оростани дастархони идона, пухтани хӯрокҳои миллӣ, ташкили мусобиқаҳо варзишӣ ин худ зинда нигощ доштани осори бебаҳои ниёгон аст.
Дар соли нави аҷдодӣ ба шумо сиҳатмандӣ, умри дароз, бахту иқболи нек, файзу баракат, барори кору хушиҳои зиндагӣ ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри беҳбудии кишвари азизамон доред, комёбиҳои беназир орзумандем.
КВД “МСКХСН”
IMG_1078-300x200 БИЁ, НАВРӮЗ, ВАТАН БАРАФРӮЗ...

IMG_1083-300x200 БИЁ, НАВРӮЗ, ВАТАН БАРАФРӮЗ...

IMG_1099-300x200 БИЁ, НАВРӮЗ, ВАТАН БАРАФРӮЗ...

scroll to top