ТАҶЛИЛИ РӮЗИ НАҚЛИЁТЧИЁН ДАР КВД “МАРКАЗИ СЕРТИФИКАТСИЯКУНОНИИ КОР ВА ХИЗМАТРАСОНИИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ
Ба муносибати Рӯзи нақлиётчиён дар КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасониии соҳаи нақлиёт” маҷлис баргузор шуд. Директори корхона Мумин Лашкар Қиёмуддин аз номи роҳбарият кормандони корхонаро ба муносибати иди касбӣ табрику таҳният намуда, ҷиҳати таъмини нақшаи корӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, вусъати корҳои ободонӣ, инчунин баланд бардоштани сифати хизматрасонињо ба кормандон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сипас ба ифтихори иди касбӣ як қатор кормандони фаъол бо сипоснома ва ифтихорномаи КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” қадрдонӣ шуданд.







