Close

ГУЛДУХТАРОНИ НАВРӮЗ

Чун анъана ҳар сол дар доираи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни зерсохторҳои вазорат озмунҳои мухталиф ташкил ва баргузор менамояд.
Имсол бо мақсади баланд бардоштани тарғибу ташвиқи суннатҳои ниёгон, арзишҳои миллию фарҳангӣ, маҳорат, истеъдод, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон миёни 10 даста бо иштироки бонувони Вазорати нақлиёт ва корхонаву муассисаҳои тобеи он санаи 17 марти соли 2023 озмуни “Гулдухтарони Наврӯз” доир гардид.
Иштирокчиён аз рӯйи шартҳои кокулбофӣ (ороиши миллӣ) бо ба бар кардани либоси миллӣ, пешниҳоди як таоми миллӣ (тарзи тайёр кардани онро ба ҳайати ҳакамон шарҳ медиҳанд) пешниҳоди як намуди маҳорат (рақс, суруд, навохтани асбоби мусиқӣ) саҳнача (бояд мавзуъҳои тарбиявӣ, ахлоқӣ ва ватандӯстиро дар бар гиранд) ҳунарнамоӣ намуданд.
Дар озмуни мазкур дастаи Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт – дастаи “ТОМИРИС”, ки аз КВД “Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасонии соҳаи нақлиёт” низ гулдухтарон иштирок доштанд, сазовори ҷойи сеюм гашта, бо Ифтихорнома туҳфаҳои Вазири нақлиёт сарфароз гардонида шуданд.

IMG_0857-300x200 ГУЛДУХТАРОНИ НАВРӮЗ

IMG_0898-300x200 ГУЛДУХТАРОНИ НАВРӮЗ

IMG_0937-300x200 ГУЛДУХТАРОНИ НАВРӮЗ

IMG_0949-300x200 ГУЛДУХТАРОНИ НАВРӮЗ

Изображение-212x300 ГУЛДУХТАРОНИ НАВРӮЗ

scroll to top