Close

ФАРҲАНГИ РОНАНДАГӢ. Сарфи назар кардани он боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш мегардад

Previous
Next

Фарҳанги ронандагӣ, яъне муҳити ахлоқию равонӣ дар роҳ дар омори садамаҳои нақлиётӣ нақши ҷиддӣ мебозад. Фарҳанги ронандагӣ дар Тоҷикистон солҳои охир тадриҷан беҳтар мешавад, вале ҳанӯз то сатҳи  зарурӣ  нарасидааст.

Сароғоз

Вазорати  нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагони воситаҳои нақлиёт пайваста даъват мекунад, ки Қоидаҳои ҳаракат дар  роҳро қатъиян риоя намоянд ва ҳаёти худ ва дигаронро зери хатар нагузоранд. Борҳо таъкид карда шудааст, ки риояи меъёрҳои ҳаракат дар роҳ бевосита аз рафтори ронандагон вобаста аст.

Чанде қабл Раёсати ВКД  ҶТ дар шаҳри Душанбе аз  он, ки вақтҳои охир ронандагони таксиҳо мусофиронро дар ҳолати мастӣ интиқол медиҳанд, изҳори нигаронӣ кард. Садамаҳои зиёди нақлиётӣ ба қайд гирифта мешаванд, ки боиси марги шаҳрвандон мегарданд ва бинобар ахлоқи носолими ронандагон, нодида гирифтани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва муносибати беэътиноёна ба дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ  рух медиҳанд.

Дар робита ба ин, РВКД-и пойтахт аз ҳамаи ронандагони нақлиёти мусофирбар катъиян талаб кардааст, ки қоидаҳои муқарраршудаи ҳаракати роҳро риоя кунанд ва аз амалҳое, ки метавонанд ҳаёти ҳам худи онҳо ва ҳам дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳро зери хатар гузоранд, канорагирӣ кунанд.

scroll to top